АФРОДИ МУСАЛЛАҲ ЯК АФСАРИ МИЛИСАИ ТОҶИКРО КУШТАНД
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи ду фарди ношиноси мусаллаҳ дар вилояти Суғд як нозири милиса кушта ва як ҳамкори дигари ӯ башиддат захмӣ шудааст.
Навбатдори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Конибодом ба хабарнигори мо гуфт, нозирони милиса нисфирӯзии 14 январ як мошинеро барои тафтиши аснод нигаҳ доштаанд ва чун ронанда асноди лозимаро надоштааст, хостаанд, бо таҳияи ёддошт дар бораи қонуншиканӣ мошини онҳоро ба майдони ҷаримавӣ бубаранд.
Бино ба гузоришҳо, ронандаи мошин ва ҳамроҳаш ба нозирони милиса муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва ба сӯи онҳо тир андохтаанд. Як афсари милиса дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст ва дигариро бо захми тир ба бемористон бурдаанд. Ба қавли навбатдори милиса, яке аз нозирон аз сараш ва дуввумӣ аз шонааш тир хӯрдааст.
Ҳуввияти афроди ҳамлавар маълум нест. Мақомоти интизомӣ барои боздошти онҳо амалиёти фаврӣ эълом кардаанд. Шаҳри Конибодом, воқеъ дар наздикии марз бо Ӯзбакистон ва дар бештар 380 километрии шимоли Душанбе воқеъ шудааст. Муқовимати мусаллаҳона ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст.
«Озодӣ»