08:35:53 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭҲТИМОЛИ ПУЛАКӢ ШУДАНИ РОҲҲОИ НАВБУНЁД ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазири нақлиёти Тоҷикистон пулакӣ шудани роҳҳоеро, ки бо сармояи хориҷӣ сохта мешаванд, аз эҳтимол дур намедонад. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 28 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳои навбунёдро таъйид кард.

/images/stories/2013/01/28_rohho-28012013.jpgБа гуфтаи ҷаноби вазир, нигоҳдории роҳҳо дар Тоҷикистон хароҷоти зиёд талаб мекунад ва ӯ яке аз роҳҳои таъмини ин хароҷотро ҷамъоварии маблағ аз истифодабарандагони роҳ гуфт. Вазири нақлиёт таъкид кард, ки то соли 2014 пулакӣ шудани роҳҳо дар назар нест. Ӯ афзуд, ки зимни роҳандозии ин иқдом дар солҳои оянда, ҳатман назари мардумро ба инобат хоҳанд гирифт.

Айни ҳол дар Тоҷикистон бо қарзу грантҳои хориҷӣ, шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб ва Душанбе – Турсунзода тармиму таҷдид шуда истодаанд. Аммо ягона роҳе, ки дар ин кишвар пулакӣ аст, шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ мебошад.

Сар аз 1-уми апрели соли 2010-ум роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон пулакӣ шуд ва зери назорати ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) гузашт. Ин ширкат дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шуда, бо қарори порлумони кишвар аз имтиёзҳои махсус бархӯрдор аст. Аз ҷумла, ин ширкат на танҳо худи роҳ, балки ҳошияи ду тарафи онро низ зери назорат дорад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз фаъолияти ин ширкат изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки барои нигоҳдории роҳ маблағҳои сарф мекунад. Вазир таъкид кард, ки танҳо соли гузашта IRS ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 3 миллион сомонӣ ворид кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi