"ДУШАНБЕВУ БИШКЕК ҲАССОСИЯТИ МАРЗҲОИ ДАЪВОИРО ДАРК МЕКУНАНД"
Музокироти ахири Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марзҳои номушаххаси байни ду кишвар бенатиҷаи мушаххас анҷом шуд.
Музокироти комиссияи муштараки марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Бишкек баргузор шуд ва мебоист сарнавишти 40 километр хатти сарҳадро мушаххас кунад, бидуни ҳеҷ созиш поён ёфт. Вале ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки баррасии ин масъула акнун шурӯъ шудааст ва комиссияи муштараки марзбандӣ фаъолияти худро дар ин замина идома хоҳад дод.
Орифҷон Хоҷаев, раиси идораи заминсозии вилояти Суғд, ки дар гуфтушунидҳои Бишкек ширкат доштааст, гуфт, ҷазирақаламравҳои баҳсбарангези аҳолинишин марзбандии байни Тоҷикистону Қирғизистонро беш аз 10 сол ба таъхир меандозад: “Дар минтақаи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва он дар сатҳи лоиҳа ҳаллу фасл шуда, аммо ҳанӯз тасдиқ нашудааст.”
Биноба маълумоти расмӣ, Тоҷикистону Қирғизистон 970 киллометр марзи муштарак доранд, ки аз ин танҳо ҳудуди 60 дарсад ё 567 киллометр аломатгузорӣ шуда, то ҳол 519 киллометраш ба тасвиб расидааст. Хати марзи муайян ва аломатгузоригашта аз Вилояти Мухтори Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ то Кӯҳистони Мастчоҳ тӯл мекашад. Ба гуфтаи раиси кумитаи заминсозии вилояти Суғд, норушанӣ ва печидагии хатти марз дар водии байни вилоятҳои Суғду Бодканд ҷой дорад ва ҷазирақаламравҳои зиёд дар ин қисмат кори марзбандиро мушкил кардааст.
Ҳудуди 270 киллометр хати марзи муштарак байни Суғду Бодканд дар қисмати водӣ, минтақаҳои муноқишаангез боқӣ мондаанд. Дар ин қисмат барои истифода аз манобеи обу замину роҳ, баъзан байни сокинони наздимарзии Исфараву Бодканд муноқишаҳо рух медиҳанд.
Дар ин ҳол, Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба марзбандӣ, ба расонаҳои кишвараш, изҳор доштааст, ки ҷонибҳои тоҷику қирғиз ҳассосияти масъалаи марзро дарк кардаанд ва бар онанд, ки имсол ҷараёни муайян кардани хати марзи байни кишварҳоро суръат бахшанд.
«Озодӣ»