19:54:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Қазоқистон - охирин истгоҳи қатораҳои Тоҷикистон ба самти Русия?

Мақомоти Русия мегӯянд, марзи он кишвар бо Қазоқистон, охирин истгоҳи қатораҳо аз Осиёи Миёна ба самти Русия хоҳад буд. Дмитрий Рогозин, раиси Комиссияи давлатии сарҳадии Русия мегӯяд, қатораҳое, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба самти Русия меоянд, дар истгоҳи марзии роҳи оҳани Қазоқистон бо вагонҳои Русия иваз мешаванд.

qatora-23042013Дмитрий Рогозин рӯзи 23-юми апрел дар суҳбат бо телевизиони Русия дар масъалаи ҳаракати қатораҳои кишварҳои Осиёи Миёна гуфтааст, ки ҳоло гуруҳи кории махсус ба омӯзиши масъалаи ворид нашудани вагонҳои ин кишварҳо ба қаламрави Русия машғул мебошад. Ба гуфтаи ҷаноби Рогозин, дар зарфи як моҳ гуруҳи корӣ пешинҳоди худро омода намуда, ба ҳукумати Русия ироа менамояд.

Ба қавли ноиби нахуствазири Русия, дар истгоҳи марзии роҳи оҳани Қазоқистон шароите фароҳам оварда мешавад, ки мувофиқи он қатораҳои Тоҷикистон вақте ба самти Русия меоянд, дар ин истгоҳ манъ шуда, мусофирон аз назорати гумрукӣ гузашта ва дар вагонҳои Русия вориди қаламрави ин кишвар хоҳанд шуд. Дмитрий Рогозин таъкид кард, ки пас аз пешниҳоди он ба президенти Русия, барои ҷорӣ кардани ин низоми нав тасмими ниҳоӣ хоҳанд гирифт.

Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Геннадий Онишенко, сардухтури санитарии Русия ҳудуди даҳ рӯз қабл пас аз шиносоӣ бо хадамоти марзбонӣ ва гумрукии истгоҳи Аксарайскии вилояти Астрахан, аз вазъи бади санитарии тарабхонаҳои қатораҳо интиқод карда буд. Сардухтури санитарии Русия, гуфтааст, ин қатораҳо аз оддитари шароити беҳдошти бархӯрдор нестанд.Ба дунбол дар як нишасти Хадамоти марзбонии Русия тасмим гирифта шуд, ки барои тафтиши қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба самти Русия, дар марз бо Қазоқистон посгоҳҳои нав бунёд кунанд.

Дар гузашта низ мақомоти рус алайҳи Тоҷикистон ин гуна иқдомоти “аҷулона”-ро рӯи даст гирифта буданд, ки ба гуфтаи коршиносон, заминаҳо сиёсӣ доранд ва ҳар вақте, ки миёни Душанбе ва Маскав “гурбаи сиёҳ” гузашт, ҷаноби Онишенко  “вориди майдон” мешавад. Таҳрими меваи Тоҷикистон ба Русия дар чанд соли пеш, манъи вуруди тоҷикон ба Русия бинобар доштани бемориҳои вогир, аз ҷумлаи касалии сил, аз ҷумлаи изҳороти пурсару садои Онишенко мебошанд.

Ҳамчунин, дар пайи баҳси додгоҳии ду халабони ширкати русии "Ролкан" дар моҳи ноябри соли 2011-ум "Роспотребнадзор" таҳдид намуд, ки воридоти маҳсулоти зироатӣ аз Тоҷикистонро мамнӯъ хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi