11:13:34 12-уми Июли 2025 сол

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, зарбаҳои низомии ҷониби Исроилро ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардид, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои эътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум менамояд.

1 vazorati khorija jt 12546565Дар робита ба ин ҷониби Тоҷикистон ба пайвандону наздикон ва тамоми мардуми бародари Эрон таъзияву таслияти самимии худро иброз дошта, боз ҳам таъкид мекунад, ки ягона роҳи ҳалли ҳамаи буҳрону низоъҳоро дар минтақа дар музокироту муколама мебинад.

Дар ин замина Тоҷикистон аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, то аз амалҳои низомии минбаъда, ки метавонад оқибатҳои фалокатбор дошта бошад, худдорӣ карда, бо пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли ин буҳрон чораҳои таъхирнопазир андешанд.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ