11:17:37 12-уми Июли 2025 сол

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ

11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.

5 mashvarati kori 125465454788745Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунӣ дар ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ