23:21:52 02-уми Июни 2025 сол

М.Қосимов: "Мо тобеи қонунем, таслими фишор намешавем"

Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав мегӯяд, ҳеҷ навъ фишор ва боз кардани парванда алайҳи раиси ин гуруҳ, наметавонад онҳоро аз масирашон мунҳариф кунад.

m.qosimov-11052013Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ба мо гуфт, ки бо камоли масъулияти инсонӣ изҳор медорад, ки ҳеҷ навъ фишор онҳоро водор ба ин намекунад, ки аз тасмимашон даст бикашанд ва ақибнишинӣ намоянд. Вай афзуд, онҳо бар асоси талаботи қонун ба кори худ идома дода ва таслими фишор намешаванд.

Ӯ дар идома гуфт, Зайд Саидов низ дар охирин тамоси телефоние, ки аз Фаронса дошт, ба ин мавқеъ таъкид карда ва гуфтааст, ба ҳар қимате, ки тамом шавад, ба фаъолияти худ дар чаҳорчӯби қонун барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав идома хоҳад дод.

Бинобар иттилои манобеи Тоҷикистон нав, парвандаи ҷиноиро алайҳи Зайд Саидов Додситонии кулли Тоҷикистон оғоз намуда ва барои баррасии ин парванда гуруҳи махсуси тафтишотӣ таъсис шудааст. Аммо вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, алайҳи зерҳимояаш бо модаи 170, яъне бисёрзанӣ парванда боз шудааст ва тибқи ин модда ҷарима ба миқдори 80 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав иттилоъ дод, ки соати 13:55 дақиқаи рӯзи 11-уми май, манзили сарвари ин гуруҳ Зайд Саидов аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854