22:22:56 14-уми Июни 2025 сол

Ҳамкориҳо бо бонки Рушди АвруОсиё баррасӣ шуданд

Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Рашид Қодиров, роҳбари Намояндагии Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон, масъалаҳои энергетика ва саноат ва рушди соҳибкории хусусӣ ва сармоягузории хориҷиро мавриди баҳсу баррас қарор доданд.

Манбаъ мегӯяд вазири рушди иқтисод ва савдо Рашид Қодировро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми роҳбари Намояндагии Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон табрик намуда, изҳори боварӣ намудааст, ки минбаъд ҳамкории бонки мазкур бо вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон сатҳу сифати навро касб хоҳад кард.

Аз сӯи дигар Рашид Қодиров омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ изҳор доштааст. Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854