17:25:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бонки Осиёии Рушд аз тарҳи CASA-1000 хориҷ шуд

Нашрияи “The Express Tribune” дар мақолае навиштааст, ки Бонки Осиёии Рушд аз иҷрои тарҳи CASA-1000канорагирӣ кардааст ва сабаби онро нигарониҳои амниятӣ дар Афғонистон медонад. Аз ин  тарҳ Амрико ҷонибдорӣ мекунад.

casa1000-07062013Қарор аст, ки тавассути хати CASA-1000, ки аз қаламрави Афғонистон мегузарад, 1300 мегаватт нируи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон интиқол ёбад. 300 мегаватти он дар Афғонистон истифода хоҳад шуд. CASA-1000 барои Амрико мисли тарҳи лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон тарҳи стратегӣ ба шумор меравад. Амрико талош дорад иҷрои ин ду тарҳро ташвиқ кунад, вале коршиносон бино ба нигарониҳои амниятӣ онро иҷронашуданӣ меноманд. Яке аз мақомоти аршади Вазорати обу энержии Покистон гуфтаст, ки арзиши умумии ин тарҳ 966 миллион долларро ташкил медиҳад ва қарор буд, ки Бонки Осиёии Рушд 40 дарсади онро пардохт кунад. Вай гуфтааст: “Ин тарҳро бояд Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Inter-American Development Bank сармоягузорӣ кунанд, вале акнун Бонки Осиёии Рушд аз ин тарҳ хориҷ мешавад”.

16 ноябри соли 2007 намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар Кобул дар ин бора Ёддошти тафоҳум имзо карда буданд. Дар марҳилаи ниҳоии омӯзиши ин тарҳ, ки дар моҳи феврали соли 2011 анҷом гирифт, меъёри нируи иловагии барқе, ки Тоҷикистону Қирғизистон содир мекунанд бознигарӣ шуд. Интизор мерафт, ки то соли 2016  3700 гигаватт соат  (GWh) барқ содир шавад.

Вале шарт ин буд, ки интиқоли нируи барқ бо гузашти солҳо ва бо назардошти эҳтиёҷоти рӯзафзуни худи Тоҷикистону Қирғизистон коҳиш наёбад. Гузашта аз ин, бояд ин ниру дар давоми тамоми сол интиқол дода шавад, на танҳо аз моҳи апрел то моҳи сентябр. Арзиши интиқоли он барои як киловат соат 3,7 сент дар назар гирифта шудааст ва ин арзиш то соли 2030 ба 7,26 сент хоҳад расид.

Дар мақолаи нашрияи “The Express Tribune” омадааст, ки моҳи августи соли 2008 ҳукматҳои Тоҷикистон Қирғизистон мувофиқатномае имзо карданд ва тибқи он Тоҷикистон ҳар киловатт соат нируи барқи худро ба арзиши 1,5 ва Қирғизистон 2,5 сент хоҳанд фурӯхт. Ҳар кишвар гурӯҳи корӣ ташкил додааст ва ин гурӯҳҳо байни худ пешниҳодҳоро радду бадал мекунанд ва бо ҳам ба тавофуқ мерасонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi