15:09:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Таъин шудани "амир"-и Хуросон аз сӯи "Давлати исломӣ"

“Давлати исломӣ” нафареро бо номи Ҳофиз Саид Хон “амир”-и “Хуросон” таъин кардааст. “Хуросон” дар “харита”-и ин созмон Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон, Ҳинд ва шарқи Эронро дар бар мегирад.

khorassan-shura 6565895445

Созмони ифротии “Давлати исломӣ”, ки бо ишғоли сарзаминҳое дар Сурияву Ироқ эҳёи хилофати воҳиди исломиро ҳадафи муборизаи худ интихоб кардааст, ахиран Ҳафиз Саид Хонро “амир”-и “устон”-и “Хуросон” таъин кард. “Хуросон” дар “харита”-и ин созмон паҳнои бузурге  иборат аз қаламрави ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистону Балуҷистону Ҳинд ва шарқи Эронро муттаҳид мекунад.

Таҳлилгарон ва мағомоти Афғонистон мегӯянд, ҳарчанд танзимҳои "Давлати исломӣ" дар ин кишвар ҳанӯз дастбакор нашудаанд, вале дар шароити кунунии ин кишвар, ки ба таъбири таҳлилгар Ваҳиди Мужда, мардум ҳам аз давлат ва ҳам аз Толибон хаста шудаву ягон нирӯи тозаро мехоҳанд, "Давлати исломӣ" метавонад ба осонӣ барои худ ҷои по биёбад.

Мақомоти вилояти Зобул мегӯянд, аллакай даҳҳоҷангии хориҷӣ дар манотиқи аз зери назорати давлат хориҷи ин вилоят ҷобаҷо шудаанд. Абдулҳабиб Андивол, вакили порлумон аз вилояти Зобул ба мо гуфт: аксари онҳо арабаҳорву покистониҳо ва зодагони Осиёи Марказианд: "Ҳудуди 150 хонаводаанд, ки ҳамроҳ бо занону кӯдаконашон омадаанд. Онҳо мусаллаҳанд ва бо худ силоҳҳои сақил ва маводи тарканда ҳам доранд."

Ваҳиди Мужда бо такя бо сӯҳбатҳояш бо намояндагони ҷунбиши чирикии Толибон мегӯяд, аҷаб нест, агар ҳадаф аз "сохтан"-и ҷои по барои "Давлати исломӣ" дар Афғонистон аз ин саҳна танг кардани Толибон бошад: "Толибон мегӯянд, чун онҳо эълон карданд, ки танҳо барои озодии Афғонистон меҷанганд ва кадом ҳадафе фаротар аз марзи кишвари худ надоранд, қудратҳое, ки бесубот кардани вазъ дар Осиёи Марказиро дар сар доранд, "Давлати исломӣ"-ро ба ҳар роҳе ба ин майдон сар додан мехоҳанд. Дар шароити кунунӣҷои по ёфтани онҳо дар инҷо имкон дорад, зеро мардум ҳам аз ҳукумат хаста шудаанд, ҳам аз Толибон ва бархе дар симои "Давлати исломӣ" як нирӯи навро мебинанд ва умедворанд, ки шояд инаш инсофу адолати бештар бикунад."

Ин коршинос аммо ба сурати густарда аз Толибон ба сафи "Давлати исломӣ" рехтани ҷангиёнро каме муболиға меномад ва мегӯяд, то кунун ин раванд асосан ба сурати инфиродӣ анҷом шудааст, на гурӯҳӣ. Аз тарафи дигар, таҳлилгарони афғон мегӯянд, раҳбарони баргузидаи "Давлати исломӣ" ба ҳайси "амир", "ноиби амир" ва "аъзои Шӯро" барои "устони Хуросон" чеҳраҳои чандон ошно ё мӯътабар нестанд, ки ҷангиён аз гурӯҳҳои дигар села-села ба созмони ҷадид бирезанд.

Ҳафиз Саид Хон аз  фармондеҳони собиқи Таҳрики Толибон Покистон, як гурӯҳи низ ифротиест, ки чанд сол боз дар сарзаминҳои қабиланишин ва вилояти Хайбар-Пахтунхва бо нирӯҳои давлатии Покистон ба хотири истиқрори низоми Шариат дар ин кишвар меҷангад. Ҳафиз Саид Хон дар Таҳрики Толибон мақоми “амир”-и сарзамини қабиланишини Оракзайро бар дӯш дошт. Ин “амир”, ки 42 сол дошта, бо номи Мулло Саид Оракзай низ маъруф аст, масъулияти идораи танзимҳои “Давлати исломӣ” дар як паҳнои бузурге аз Осиёи Марказӣ то Ҳиндро бар ӯҳда мегирад.

Интисоби ӯ ба мақоми “амир”-и Хуросон ба дунболи интихоби “Шӯрои Хуросон” аст, ки аз сӯи як гурӯҳи фармондеҳони Таҳрики Толибони Покистон баъди ба “Давлати исломӣ” байъат супурдани онҳо ташкил ёфт. Сухангӯи “Давлати исломӣ” Абӯ Муҳаммад Ал-Аднонӣ бо эълони исми “амир”-и Хуросон дар як навори видеоӣ дар Интернет гуфт, “Давлати исломӣ” акнун ба сарзамини Хуросон густариш меёбад.

Аднонӣ гуфт, Ҳофиз Саид Хон ба раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ ё “Халифа Иброҳим” ба унвони “фармондеҳи барҳақ” ва “халифаи мусалмонон” байъат супурда ва бино ба иддаои ӯ, Бағдодӣҳам ин байъатро пазируфта, дар иваз Саид Хонро “амир”-аш дар “Хуросон” ва Мулло Абдурауф Ходимро ноиби ӯ таъин кардааст. Ходим, маҳбуси собиқи зиндони Гуантанамо ва фармондеҳи дар гузашта аршади Толибон дар ҷануби Афғонистон, бино ба хабарҳо, аллакай аз номи “Давлати исломӣ” дар вилояти Ҳилманди Афғонистон фаъолият мекард.

Ваҳид Мужда мегӯяд, Ходим аз раҳбарони салафиҳои Афғонистон аст ва Толибон танҳо ба хотири боз нигоҳ доштани роҳи кӯмакҳо аз кишварҳои арабӣҳузури ӯро дар Шӯрои низомиашон таҳаммул мекарданд. Бино ба иттилои Ваҳид Мужда, Абдурауф Ходим талош дорад, то улусволиҳои Сангин ва Секаҷаи вилояти Ҳилмандро, ки зери назораташ қарор доранд, ба марказҳои тарбияи ҷангиён барои "Давлати исломӣ" ва ба пойгоҳи ин гурӯҳ дар Афғонистон табдил бидиҳад, вале Толибон ба ин шадидан мухолиф буда, ҳатто амри боздошти Ходимро содир кардаанд.

Аммо бо онки дар сафҳои “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ бештар ҷангиёни зодаи Осиёи Марказӣ меҷанганд, дар ҳайати “Шӯрои Хуросон” касе аз ин минтақаи бузург ва ҳамин тавр, аз вилоятҳои шимоли Афғонистону шарқи Эрон ваё аз Балуҷистону Ҳинд роҳ наёфтаанд.

Ҳамаи аъзои ин ба ном “Шӯро”-ро ҷангиёни паштуне ташкил медиҳанд, ки то кунун тобеи Таҳрики Толибони Покистон буданду акнун ба “Давлати исломӣ” байъат супурдаанд.

Ҳафиз Саид Хон дар пайи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон ба гурӯҳҳои “ҷиҳодӣ” пайваст ва аз ёрони наздики Байтуллоҳ Маҳсуд буд. Баъди расидани Маҳсуд ба мақоми раҳбарии Таҳрики Толибони Покистон дар соли 2007 Ҳафиз Саид Хон низ “амир”-и минтақаи Оракзай интисоб шуд.

Аммо пайвастани ӯву тарафдоронаш ба “Давлати ислломӣ”, бино ба гузоришҳо, аз афзоиши танишҳо ва ҷудоие дарак медиҳад, ки баъди нуфуз пайдо кардани ин созмони нави ифротӣ дар байни гурӯҳҳои пешин, аз ҷумла Таҳрики Толибони Покистон, Толибони Афғонистон ва созмонҳои хурдтаре, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, мушоҳида мешавад.

Бисёре аз аъзои ин гурӯҳҳо ба “Давлати исломӣ” байъат месупоранд. Аз ҷумла аз миёни раҳбарони аршади Таҳрики Толибони Покистон аллакай сухангӯи собиқаш Шаҳидуллоҳ Шаҳид, раҳбари минтақаи Хайбар Гул Замон, раҳбари Пешовар МуфтӣҲасан, раҳбари қисмати КуррамҲофиз Қуръон Давлат ва раҳбари Ҳангу Холид Мансур ба “Давлати исломӣ” байъат супурда ва дар “Шӯро”-и “устон”-и Хуросон ҷой ёфтаанд.

Чунин табдили сангар кардани раҳбарони собиқи Толибон, бино ба гузоришҳои расида, боиси бархе танишҳои лафзӣ байни Абӯбакри Бағдодӣ ва барои мисол, Мулло Умар, раҳбари Толибони Афғонистон шудааст. Аз ҷумла гӯё Бағдодӣ гуфтааст, ки Мулло Умар дигар “амиралмӯъминин” нест, ки иддао мекунад. Мулло Умар ба навбати худ, гӯё Абӯбакри Бағдодиро дар як паёмаш “халифаи худхонда” номидааст.

Хабари интисоби “амир”-и Хуросон аз сӯи “Давлати исломӣ” дар ҳоле нашр мешавад, ки бино ба иддаои як таҳлилгари қирғиз, ин созмон ахиран барои оғози муборизаҳояш дар Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ҷудо кардааст.

“Давлати исломӣ”, ки дар сарзаминҳои тасарруфкардааш коркард ва фурӯши маҳсулоти нафтиро таҳти назорат гирифта ва ҳар рӯз аз ин ҳисоб, ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ, то 3 миллион доллар фоида ба даст меорад, дар ҳоли ҳозир сарватмандтарин созмони ифротии дунё ба шумор меравад.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи нирӯҳои он дар Ховари Миёна аз 1000 то 2000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони тоҷик танҳо дар ҷанги Сурияро то 300 нафар мегӯянд. Вале худи ин ҷангиён дар Интернет иддао доранд, ки шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ҷангҳои Ховари Миёна ба маротиб бештар аст.

Ахиран Замир Кобулов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, гурӯҳҳои ҷангҷӯ барои убур ба Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи марзҳои Туркманистон ва Тоҷикистон ду платсдарм сохтаанд. Мақомоти Афғонистон дар ин авохир чандин бор аз таҷаммӯи ҷангиёни гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла онҳое ки ба “Давлати исломӣ” байъат супурдаанд, дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, хабари таҷаммӯи ҷангиёни исломӣ дар марз бо ин кишвар бештар ба воҳима мемонад, вале Душанбе ба ҳар сурат, аз 28 декабр, яъне аз рӯзи хуруҷи комили нирӯҳои ҷангии НАТО аз Афғонистон, мизони ҳифозати 1370 километр марзи мустақимаш бо ин кишвари ҷангзадаро тақвият додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi