10:39:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Симои як ифротгаро. Терроризм чист?

Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

terrorist_6584545.jpgПўшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.

Аммо барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар, таҳлилгари касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад.

Вале дар соҳаи омўзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм, шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтаанд. Олимон, соҳибназарону таҳлилгароне, ки ба омўзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор зада бошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд нестанд.

Шароит имрўз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хўрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре намоем.

Дар луғат калимаи «ифрот» (арабӣ) аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст». «Ифрот» ба маънои аз ҳаду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад.

Ибораи «ифрот кардан» низ маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст.

Агар шабеҳаи як шахси ифротгароро тасвир карданӣ бошем, пас, ин шабеҳа чунин аст. Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё дар тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Инсоне дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронад, дигаре дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунад. Дар ин маврид амали дуи онҳо ба маънои луғавии «ифрот» мувофиқат мекунад.

«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.

Ифротгаро динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд.

Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.

Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад.

Ифротгароӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурўҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.

Маъмулан имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.

Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рўҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ў ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад.

Агар симои як ифротгароро тасвир карданӣшавем, пас, надоштани саводи комили динӣ ва таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, эътирофи танҳо фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи хурдагирона ба рангу шакли либос, дарозиву кўтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хўрок, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгаро хоҳанд буд.

Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегўяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣҳукм бароварда, онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад» ва «кофир» маҳкум менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидатӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат мекунад, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад.

Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман нисбат ба низоми давлатӣ эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дошта, дар муқобили онҳо қарор мегирад.

Ба фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқӣ, ахлоқ ва ба расму оинҳои мардум бадбинӣ ва нафрат пайдо карда, рўҳияи зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ дорад.

Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дўстону ҳамкорон, устодон мисли ў ақида надоранд, онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зўроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад.

Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум (иллюзия) мешавад, ки гӯё фақат фаҳмишу амали ў дуруст буда, ҷомеа ҳама «фосиқ», мақомот ҳама «фосид», уламо ҳама «бидъаткор», дигарандешон ҳама «кофир» мағозаю ошхонаҳо хама «ҳаром», бонкҳо ҳама «рибохор», нўшобаву шоколадҳо ҳама маҳсулоти «куффор», расонаҳо ҳама «дурўғ» мебошанд. Бо мурур ў аз ҷомеа ҷудо шуда, ба инзивои равонӣ гирифтор мешавад ва тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зўровариро раво бинад. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва барои инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил мешавад.

Бояд зикр кард, ки ифротгароии динӣ ва гўруҳҳои ифротгарои динӣ айни як чиз нестанд. Гурӯҳҳои ифротгарои динӣҷиддитар аз ифротгароии диниянд. Ин ташкилот аст. Ташкилотест, ки дар он шахсони дорои фаҳмиши тангу сахтгиронаи динӣ, барои ҳамоҳанг намудани фаъолиятҳо ва расидан ба мақсадҳои ифротгароёнаашон ба ҳам меоянд. Гурӯҳҳои ифротгароии динӣ як шакли фаъолияти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи ифротгароёни динӣ буда, аз тарафи ягон марказ ё саркардаҳои гурӯҳ барномарезӣ ва идора мешаванд.

Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд. Ин ҷо масъала аллакай ранги дигар мегирад. Ин ҷо ифротгароии динӣ як неруи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, як тўфони харобиовари иҷтимоӣ ва як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятист. Як тасаввур кунед, ҳазорон инсонҳои ифротӣ зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ кашида мешаванд, онҳо ба қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм, сўзанда ва вайронкор табдил мегарданд.

Барои ба як қувваи муташаккили қудратманд табдил ёфтани ифротгароён се унсури муҳим-идея, ташкилот ва силоҳу имконот роли ҳалкунанда доранд.

Киҳо ба гурўҳҳои ифротгароии динӣ шомил мешаванд? Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Омилҳои дигаре, мисли ҳомиёни ҳимоятгару созмондеҳи ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, истифода аз мушкилот ва ихтилофи иҷтимоӣ боиси ташкили ин гурӯҳҳо мегарданд.

Гурўҳҳои ифротии динӣ содиқ ба он назаранд, ки ягон давлати мусулмонӣ бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Онҳо ҳамаи ин давлатҳоро маҷбуран ишғол карда, ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба хилофати ягонаи худ тобеъ намуданианд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв намуданианд. «Ҳизби таҳрири исломӣ», «ДОИШ» ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд. Ҳамчун як давлати мустақил аз байн бурдани Тоҷикистон ва ба як ноҳияи хурди хилофати худашон табдил додани кишвари мо яке аз ҳадафҳои ифротгароён мебошад.

Гурӯҳҳои ифротгароёни динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб машғул набуда, нияти бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд.

Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ кардаанд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва дар ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳост. Метавон гуфт, ки ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ буда, ба истиқлолияти кишварҳои мусулмонӣ таҳдид мекунад.

Дар раванди мубориза бо ДОИШ фаромўш набояд кард, ки шумораи муайяни ҷавонони Тоҷикистон имрўз дар сафҳои он меҷанганд, таҷрибаи ҷангӣ пайдо мекунанд, оқибат ба ватан бармегарданд. Ин шаҳрвандони гумроҳ барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣҳастанд. Ин хатар аз чӣ иборат аст? Ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар сафҳои ДОИШ меҷанганд, мағзшӯӣ шудаанд, идеяҳои ин гурўҳи террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои техникии замонавӣҳамин идеяҳоро ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дўстони худ талқин намоянд. Ин ташвиқу тарғибест, ки ДОИШ барои ҷалби ҷиҳодиёни нав ба кор мебарад. Харчанд ДОИШ зери ниқоби ислом баромад кунад ҳам, ин гурўҳи террористӣ ба ислом ҳеҷ умумият надорад.

Дар лафзи лотинӣ террор (terror) маънои «тарс», «воҳима» ва «даҳшат»-ро дорад. Террористон бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Бо роҳи ғайриқонунии зўрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷудоварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои террористии ал-Қоида, ДОИШ, Ҳизби Таҳрир, Бародарони Мусулмон, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Равияи Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвону-л-муслимин, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, аш-Шабоб, Боко Ҳаром, Ансоруллоҳ номгўи нопурраи ҳаракатҳои террористӣ мебошанд.

Аз амалҳои террористон бештар одамони бегуноҳқурбон мешаванд. Инро мо дар мисоли амалҳои террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африкаи Шимолӣ мушоҳида намудаем.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла таъкид намуд, ки: «терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд».

Имрўз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст.

Дар қонунгузориҳои кишварҳои гуногун ба симои терроризм шаклан фарқкунанда, вале моҳиятан якхела ва дуруст баҳо додаанд: дар қонуни ҷиноии Фаронса амали террористиро амале медонанд, ки ба василаи он низоми умумӣ халалдор мегардад. Дар қонуни ҷазои Португалия терроризмро таҳдид ба манфиатҳои миллӣ, тағйир ё нобуд кардани ниҳодҳои давлатӣ мешуморанд. Ҳамин гуна таърифи терроризм, ки онро харобкорӣ дар низоми ҳукумат медонанд, дар қонуни ҷазои Италия низ ҷой дорад. Соли 2000 дар Англия қонуни мубориза бар зидди терроризм қабул гардид, ки миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо беҳтарин қонуни мубориза бар зидди терроризм ба ҳисоб меравад. Терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил ба яке аз асоситарин хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарноктарин таҳдид ба муқобили сулҳ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва суботи ҷаҳонӣ табдил шудааст.

Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омўзиш қарор гиранд. Бидуни омўзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.

Имрўз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Аз ин рў мубориза бо терроризми байналмилалӣ кори осону саҳл нест. Амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот намуд, ки ягон кишвари дунё аз хатари террористӣ эмин нест. Таърихи терроризм ба таърихи сиёсии башарият ҳамсол аст. Террористон барои ба даст овардани қудрат, амалӣ гардонидани ғаразҳои худ аз гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ истифода мекунанд.

Терроризми қадим бо воситаҳои сода, бо хушунат ва вайронкорӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт, терроризми имрўз аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳо хеле печ дар печ аст. Дар қадим террористон ба худкушӣ (худро тарконидан) хеле кам даст мезаданд. Имрўзҳо террористон ғолибан худкушанд. Фарогирии ҷуғрофии терроризми қадим маҳдуд буд, ҳоло террористон дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд. Гурӯҳи террористии «Алқоида» дар Олмон, Фаронса, Бритониё, Ҳолланд, Белгия, Испания, Алҷазоир Судон, Марокаш, Тунис, Либия, Нигерия, Кения, Яман, Ироқ, Сурия, Урдун, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон ва дар беш аз 61 давлати дунё ниҳодҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ дорад.

Дар таърихи 3500-солаи башар ҳамагӣ 250 сол одамон бе ҷанг дар шароити суботи ҷамъиятӣ ба сар бурдаанд. Шурўъ аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид то имрўз 150 ҷанг рух додааст. Аз соли 1945 то соли 1985 бе назардошти қурбониёни бомбаборони Нагасаки ва Хиросима 23 миллион нафар дар 135 ҷанг кушта ва 12 миллион бе сарпаноҳ монданд. Фаъолияти террористон ба як ё якчанд давлат маҳдуд нагардида, қудрати осебрасонии онҳо хеле паҳновар ва ҷаҳонӣ аст.

Шохаи аврупоии «Алқоида» дар шабакаҳои иҷтимоӣ 27 сомонаи интернетӣ дорад. ки ба воситаи онҳо ташвиқу тарғибро ба роҳ монда, дар миёни шаҳрвандон даҳшату тарс паҳн менамоянд.

Дар таърих боре ҳам нашудааст, ки террористон худро террорист хонда бошанд. Барои асоснок намудани амалҳои худ онҳо далелҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ эҷод менамоянд. Терроризм аз хушунат, таҳдид ва даҳшатафканӣ иборат аст. Бархе аз сарони кишварҳо низ ба терроризм таъриф додаанд.

Нетаняҳу, нахуствазири Исроил терроризмро ҳамлаи омодашуда ва низомӣ барои эҷоди тарс бар зидди шаҳрвандон ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ номидааст. Терроризм сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад. Терроризм як бемории иҷтимоӣ аст. Террористон мекӯшанд, то фазои беамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Бо ин восита бовари мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад. Терроризм ҷиноят аст.

Мутахассисин терроризмро ба намудҳои гуногун тақсим мекунанд. Ба монанди терроризми давлатӣ, терроризми фаромиллӣ, терроризми маҳаллӣ, терроризми фардӣ, нашъатерроризм, терроризми мазҳабӣ, терроризми иттилоотӣ ва терроризми фарҳангӣ.

Дар ҳар сурат терроризм падидаи манфӣ, ҷиноят ва бар зарари ҷомеа, давлату шаҳрвандон буда, суботи кишварҳоро халалдор месозад. Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд.

Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат, ҳар як давлат арзишҳои умумимиллию умумдавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барўманди он аз як гиребон сар мебароранд.

Мо, тоҷикистониён бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷоӣ, ҷанубию шимолӣ, помирию кӯлобӣ, ғармию қурғонӣ набинем. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишҳою манфиатҳои дигар болою воло бошад.

Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем-ҷамъияти имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ, ҷамъияти босубот- имкони таъмини ҳамаи инро дорем.

Аммо дар он вақт мо бо он таъмин мегардем, ки якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда баҳс намоем. Демократия эътимоди миёни шаҳрвандонро талаб дорад. Агар мухолифини сиёсӣ эҳсоси ватандўстӣ надошта бошанд, агар хоҳиши мадоро (муросо) надошта бошанд, демократия зери хатар мемонад. Барои сиёсати беҳтар ва пешрафти зиёдтар вақт омили муҳим аст.

Зубайдулло Давлатов, сармутахассиси раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi