Чор куштаи садамаҳо дар навоҳии гуногуни кишвар
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз се садамаи мудҳише хабар дод, ки бар асари он одамон ба ҳалокат расидаанд. Бино ба хабари аввал ронанда Ашӯрмад Тӯйдаков дар қаламрави ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ пиёдарави хурдсол – С. Исуфови панҷсоларо пахш кардааст. Бар асари ҷароҳати ҷисмонӣ тифли панҷсола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», ки аз ҷониби шаҳрванд И.Турсунов идора мешуд, дар дар чорроҳаи кучаи Р.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд бо мошини «Опел-Вектра», ки онро ронандаи 19-сола Ш.Мирзоев идора мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа “Опел-Вестра” аз роҳ баромада, пиёдагардон М. Ашуров (с.т.1976) ва Ш.Иномовро пахш кардааст. Ҳоло Иномов дар бемористони вилоятии Суғд бистарист ва М.Ашӯров дар ҳамин беморхона фавтидааст.
Ҳамчунин мошини “Тайота-Кемри”, ки онро донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Данғара Турсатов А. идора мекард, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи М.Турсунзода ба самти кучаи Бинокорони ноҳияи Данғара ба автомашинаи тамғаи “Камаз-65115С” бархӯрдааст.
Дар натиҷа ду мусофири автомашинаи “Тайёта-Кемри “ аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ мегӯяд аз рӯйи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаву тафтишот идома дорад.
«Рӯзгор»