11:07:16 24-уми Июни 2025 сол

КАРРУБӢ: ҶАМОЪАТЕ ВАҲШИРО БА ҶОНИ МАРДУМ АНДОХТАНД

Меҳдии Каррубӣ аз раҳбарони муътаризони Эрон дар паёми таслияти худ аз хушунатҳои "васфнопазир" ва гуноҳнобахшуданӣ"-и ҳукумат алайҳи тазоҳуркунандагони рӯзи Ошуро башиддат интиқод карда ва гуфтааст ҳатто шоҳ ҳам "ҳурмати Ошуро"-ро нигоҳ дошт. Оқои Каррубӣ дар ин баёния, ки дар вебсойти шахсии ӯ мунташир шуда гуфтааст "баростӣ чи шуда, ки ҳукумати бархоста аз қиёми Ошуро даст бар хуни мардум бурда ва ҷамоъате ваҳширо ба ҷони мардум андохтааст."

 

Вай афзуда: "Онон, ки ҳувият ва шиносномаи ин инқилобанд ва рӯзгори мубориза дар сафи аввали муборизон буданд, ба ёд доранд, ки дар Ошурои 1342 тазоҳуроте азим бо шиъорҳое тунд алайҳи шоҳ сурат гирифт, аммо режими ситами шоҳӣ ҳурмати Ошуроро нигоҳ дошт ва куштор, саркӯб ва дастгирии раҳбарони мубориза ва дар раъси он Имомро ба рӯзҳои баъд гузошт."

 

Дар идомаи баёнияи Меҳдии Каррубӣ омадааст: "Ё раб, чи шудааст, ки ҳурмати Ошуро ва азодорони фарзанди Заҳро (С) дар зуҳри Ошуро нигоҳ дошта намешавад ва ононро ба хоку хун мекашад. Ё раб, чи шудааст, ки ҳурмати хуни мардум дар ин моҳи азиз ҳам риъоят намегардад. Ё раб, чи шудааст, ки баргузории маросими марҷаъи тақлидии муҷоҳид ва мубориз таҳаммул намегардад ва марокизи муқаддас, байту ҳусейнияи бунёнгузори ин низом дар шаби Ошуро мавриди таҳоҷум ва тахриб қарор мегирад."

 

Вай бо ишора ба таҳаввулоти ҳафт моҳи гузашта ҳамчун боздоштҳои "ғайриқонунӣ"-и фаъолони сиёсӣ, баргузории додгоҳҳои "намоишӣ" ва хушунати "беҳадду ҳаср" дар Каҳрезак аз лаҷоҷат, хирасарӣ ва адами тамкин ба қонун ва ҳуқуқи мардум" башиддат интиқод мекунад.

 

Меҳдии Каррубӣ сипас ба моҷарои суханронии тосуъои Муҳаммади Хотамӣ дар ҳусейнияи Ҷаморон ишора мекунад: "Дар шаби Ошуро иддае аз авбоши аҷиршуда ба Ҳусейнияи Ҷаморон, ки конуни мавозеъи беназир ва равшангаронаи Имом Хумайнӣ (рҳ) ба баҳонаи суханронии шахсияте, ки мавозеъаш ҳамвора дар чаҳорчӯби низом буда ва аз хутути қирмиз убур намекарда, бо ҳамоҳангии марокизе хос, ба таври ваҳшиёнае ҳамла карданд ва ба тахриби ин ҳусейния пардохтанд... Дар шаби Ошурои ҳусейнӣ, шиъаи Ҳусейнро дар мотами Ҳусейн (А) мезананд ва ҳар он чи ки мехоҳанд дар амнияти комил анҷом медиҳанд."

 

Изҳороти Меҳдии Каррубӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пулиси Теҳрон кушта шудани 5 нафар дар даргириҳои рӯзи Ошуро дар Теҳронро таъйид кардаст.

 

Яке аз кушташудагон Алӣ Ҳабибии Мусавӣ, хоҳарзодаи Мирҳусейни Мусавӣ аз раҳбарони аслии мухолифон дар Эрон аст, ки гуфта мешавад бо шилики гулула дар Теҳрон кушта шудааст. Аммо фармондеҳии нерӯи интизомии Теҳрон истифода аз силоҳи гармро рад карда ва марги кушташудагонро машкук хондааст: "Коршиносон дар садади шиносоии авомили машкук дар ин ҳодиса мебошанд."

 

Дар иттилоъияи пулиси Теҳрон омадааст, ки нерӯи интизомӣ барои пароканда кардани мардум аз "таҷҳизоти зиддииғтишош" истифода карда ва нерӯҳои пулис силоҳи гарм надоштаанд. Ба гузориши вебсойти "Калима", вебсойти наздик ба Мирҳусейни Мусавӣ, дар хиёбони Озодии Теҳрон ба Алии Мусавӣ шиллик шуда ва гулӯла ба китфи ӯ исобат кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1427-karrubi-jamoate-vahshiro-ba-joni-mardum-andokhtand.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ