13:36:33 02-уми Июни 2025 сол

МУСАВӢ: ҲОЗИРАМ БАРОИ ИСЛОҲОТ БИМИРАМ

Мирҳусейни Мусавӣ, раҳбари мухолифони Эрон, гуфтааст, ки аз мурдан ба хотири ислоҳот дар кишвараш бим надорад. Ин нахустин изҳороти вай аз замони қатли хоҳарзодааш ва муътаризони дигар дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар охири моҳи гузашта аст.

 

Дар баёнияе, ки дар вебсойти оқои Мусавӣ мунташир шуда, вай ҳамчунин роҳи ҳалле панҷмарҳилаӣ барои хурӯҷ аз буҳрони сиёсӣ дар Эрон, ки аз интихоботи ҷанҷолбарангези моҳи июн маншаъ мегирад, пешниҳод кардааст. Оқои Мусавӣ зимни интиқод аз бархӯрди давлат бо муътаризон дар рӯзи Ошӯро давлат, порлумон ва қувваи қазоияро масъули вазъияти кунунии Эрон хонда ва гуфтааст, ки давлат бояд "мустақиман посухгӯйи мушкилоте бошад, ки барои кишвар эҷод кардааст."

 

Ба гуфтаи вай, мақомот ҳамчунин бояд "қонуне шаффоф" барои интихоботе қобили эътимод эҷод кунанд, зиндониёни сиёсиро раҳо созанд, ба озодии матбӯъот ва ҳаққи мардум ба баргузории таҳозуроти мусолиматомез эҳтиром гузоранд. Дар баёнияи вай дар сойти "Калима.орг" омадааст: "Ман басароҳат мегӯям, ки бидуни эътироф ба мавҷудияти буҳроне ҷиддӣ дар кишвар, рафъи мушкилот ғайримумкин аст."

 

Оқои Мусавӣ афзудааст, ки "фармони эъдом ва қатлу зиндонӣ кардани Каррубӣ ва Мусавӣ ва амсоли мо мушкилро ҳал нахоҳад кард." Аммо бе онки вай аз хоҳарзодааш ёдовар шавад, навиштааст: "Банда ибое надорам, ки яке аз шуҳадое бошам, ки мардум баъд аз интихобот дар роҳи мутолибот ба ҳаққи динӣ ва миллии худ тақдим карданд ва хуни ман рангинтар аз они шуҳадо нест."

 

Тазоҳуроти тарафдорони давлат

Хоҳарзодаи оқои Мусавӣ, Сайид Алӣ Мусавӣ, яке аз ҳашт нафар буд, ки дар ҷараёни саркӯбии муътаризон алайҳи давлат дар рӯзи Ошӯро, яке аз ҷашнҳои мазҳабии шиъиён, дар 27 декабр кушта шуданд. Ба навиштаи вебсойти оқои Мусавӣ, хоҳарзодаи вай ҳангоме ки нерӯҳои амниятӣ ба муътаризон оташ гушоданд, аз пушти сар тир хӯрд, аммо мақомоти Эрон ин иддаъоро рад карда ва гуфтанд, ки пулис дар қатли вай даст надорад.

 

Тибқи гузориши расонаҳои давлатӣ, мақомот аҷсоди кушташудагонро ба манзури таҳқиқи пизишкони қонунӣ бо худ бурда ва аз дафни сареъи онҳо тибқи сунани исломӣ монеъ шудаанд. Хонаводаи Мусавӣ гуфтанд, ки маъмурон ҷасади Сайид Алиро бидуни иҷозаи онҳо аз бемористон гирифтаанд ва давлатро муттаҳам карданд, ки бо ин кор хостааст аз эътирозот ва тазоҳуроти густарда ба ҳангоми дафни ӯ ҷилавгирӣ кунад.

 

Онгуна, ки сойтҳои мухолифи давлат хабар доданд, ҷасади хоҳарзодаи Мусавӣ баъдтар ба хонаводааш багардонда шуд, аммо ба ин шарт, ки маросими дафни ӯ ба таври орому сокин баргузор шавад. Хушунатҳои рӯзи якшанбе аз замони оғози тазоҳуроти густардаи эътирозӣ ба натоиҷи интихоботи моҳи июн, ки Маҳмуди Аҳмадинажод дар он баранда эълом шуд, аз бадтарин рӯйдодҳо будааст.

 

Дар тазоҳуроти рӯзи Ошӯро чанде аз чеҳраҳои аршади мухолифон боздошт шуданд ва давлат ошӯбгаронро дар хушунатҳои он рӯз муқассир хондааст. Рӯзи чаҳоршанбе даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои бузурги Эрон ба ҳимоят аз давлати Маҳмуди Аҳмадинажод даст ба тазоҳурот заданд. Ширкаткунандагони ин тазоҳурот, ки гуфта мешавад давлат онро дар посух ба эътирозоти мухолифон созмон дода буд, шиъори "Марг бар мухолифон!" сар медоданд,

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1457-musavi-hoziram-baroi-islohot-bimiram.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854