ТАЛАФОТИ НИЗОМИЁН ДАР ИНФИҶОРҲОИ АФҒОНИСТОН
НОТУ мегӯяд дар асари инфиҷори як бумби канориҷодаӣ дар ҷануби Афғонистон чаҳор сарбози омрикоӣ кушта шудаанд. Як мақоми пулиси Афғонистон гуфтааст, ки ин инфиҷор рӯзи якшанбе дар вулусволии Панҷвойӣ дар вилояти Қандаҳор рӯй дод. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтанд. Рӯзи якшанбе як сарбози бритониёӣ ҳам дар асари инфиҷори бумб дар вилояти Ҳелманд, дар ҷануби Афғонистон ҷони худро аз даст додааст.
Ин инфиҷор дар вулусволии Нодалӣ дар вилояти Ҳелманд ва дар масири убури як гурӯҳи гаштӣ аз нерӯҳои бритонёӣ рӯй дод. Бо кушта шудани ин сарбоз, шумори талафоти низомии Бритониё дар Афғонистон аз соли 2001 то кунун ба 246 нафар расидааст. Дар пайи эъломи таъаҳҳуди кишварҳои узви эътилоф барои тақвияти ҳузури низомии худ дар Афғонистон, шӯришиёни мухолифи давлат амалиёти худро шиддат бахшидаанд.
Дар чаҳорчӯби тақвияти низомии эътилоф дар Афғонистон, қарор аст Омрико сӣ ҳазор сарбози ҷадид ба Афғонистон бифиристад ва соири кишварҳои узви НОТУ низ таъаҳҳуд кардаанд ҳудуди панҷ ҳазор сарбоз ба ин кишвар эъзом кунанд. Марги чаҳор сарбози омрикоӣ дар Афғонистон нахустин талафоти ин нерӯҳо дар соли ҷадиди мелодӣ аст. Аз соли 2001 то ҳоло беш аз 900 низомии омрикоӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1470-talafoti-nizomiyon-dar-infijorhoi-afghoniston.html