13:35:12 02-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ АҲМАДИНАЖОД ВА БЕРДИМУҲАММАДОВ

Имрӯз зимни боздид аз Туркманистон раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бояд дар маросими шурӯи кори лӯлаи интиқолдиҳандаи газ миёни ин ду кишвар иштирок кунад. Лӯлаи нав майдони гази Давлатободи Туркманистонро бо минтақаи Сарахси Эрон пайваст мекунад.

 

Мақомот мегӯянд, ки лӯлаи мазкур тавони соле интиқол додани шаш миллиард метри кубӣ газро ба Эрон хоҳад дошт. Фаъолияти лӯлаи нави газ дар ҳоле ба роҳ монда мешавад, ки соли 1997 нахустин чунин лӯлае миёни Кӯрпаии Туркманистон ва Курдкӯйи шимоли Эрон бунёд шуда буд. Қарор аст дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Ашқобод Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидору мулоқоте анҷом диҳад.

 

Раиси ҷумҳурии Эрон баъди боздид бо мақомоти Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ба Ашқобод парвоз кард. Дар байни камтар аз як моҳи ахир раисҷумҳури Эрон саввумин сарвари кишвари абарқудратест, ки ба Ишқобод меояд ва лулаи газ ифтитоҳ мекунад. Қабл аз ӯ, дар охири моҳи декабр Дмитрий Медведев, президенти Русия, меҳмони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шуда буд ва бо имзои қарордоди наве ба баҳси 9-моҳаи ду кишвар нуқта гузошта, интиқоли гази туркманиро ба Русия аз сар гирифта буд.

 

Боздиди Дмитрий Медведев аз Туркманистон баъд аз як ҳафтаи оғози баҳрабардории лӯлаи нави гази Туркманистону Чин сурат гирифта буд. Бо лӯлаи нави чиноӣ самти содироти гази Туркманистон ба хориҷ тағйир кард ва Туркманистон барои худ роҳро ба сӯи Шарқ низ боз кард.

 

Коршиносон мегӯянд, ҳамаи ин Туркманистонро ба бозигари калидии газӣ дар минтақа табдил медиҳад ва ин кишвари хурдакак, ки замоне дар миёни ҷамоҳири Шӯравӣ аз фақиртаринҳо маҳсуб мегардид, ҳамакнун бо Русияву Чину Эрон бо лаҳни баробар сӯҳбат хоҳад кард.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1482-mulokoti-ahmadnazhod-va-berdimuhammadov.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854