13:40:16 02-уми Июни 2025 сол

КОНСУЛИ СОБИҚИ ЭРОН МЕГӮЯД БА КИШВАР БОЗНАХОҲАД ГАШТ

Консули Эрон дар Осло рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса таъкид кард, ки дар эътироз ба саркӯби хашини тазоҳуркунандагони мухолиф дар кишараш истеъфо дода ва аз бими авоқиби чунин тасмиме ба Эрон бознахоҳад гашт. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, Муҳаммадризо Ҳайдарӣ дар мусоҳибае телефонӣ гуфт: "Агар баргардам, намедонад чи иттифоқе хоҳад афтод."

 

Оқои Ҳайдарӣ гуфт: "Бароям мумкин нест. Дӯстонам ба ман гуфтаанд, ки агар баргардам, мушкилоте бароям пеш хоҳад омад" ва афзуд, ки мақомҳои эронӣ аз тариқи сафорат аз ӯ хостаанд ба Эрон бозгардад. Нозирон мегӯянд истеъфои як дипломати баландпояи эронӣ дар эътироз ба рафтори ҳукумат бо муътаризони пас аз интихобот метавонад дорои паёмадҳои билқувваи бузурге бошад.

 

Муҳаммадризо Ҳайдарӣ, ки каме беш аз се сол дар Осло хидмат мекард, гуфт, ки пас аз саркӯби тазоҳуркунандагони мухолиф дар рӯзи Ошуро, ки тайи он ҳадди ақал ҳашт нафар кушта шуданд, истеъфо дод. Давлат масъулияти марги муътаризонро бар уҳда нагирифтааст.

 

Ӯ гуфт: "Истеъфономаамро барои кордор фиристодам. Ба ӯ гуфтам, ки идомаи ин роҳ бароям ғайримумкин аст. Ин корро барои мардум кардам, барои Мусавӣ кардам". Ӯ ба Мирҳусейни Мусавӣ номзади муътаризи интихобот, ки худро барандаи воқеъии раъйгирӣ медонад ва давлатро муттаҳам ба тақаллуб мекунад, ишора дошт. Давлат иттиҳоми тақаллуб дар раъйгириро рад кардааст.

 

Сафорати Эрон рӯзи чаҳоршанбе хабари истеъфои оқои Ҳайдариро такзиб кард ва исрор варзид, ки давраи хадамоти оқои Ҳайдарӣ моҳи гузашта ба поён расид. Як сухангӯйи сафорат гуфт: "Маъмурияти ӯ беш аз як моҳ қабл поён ёфт ва ҷонишини ӯ ду ҳафта қабл ворид шуд". Аммо оқои Ҳайдарӣ ба хабаргузории Фаронса гуфт: "Ин сиҳҳат надорад. Ман истеъфо додам."

 

Оқои Ҳайдарӣ, ки ҳамсар ва ду фарзандаш бо ӯ дар Нурвеж (Норвегия) ҳастанд, дар посух ба ин суол, ки оё дар Нурвеж паноҳандагӣ хоҳад ҷуст ё на, гуфт, ки намедонад чи хоҳад кард. Довуд Ҳермидос Бовенд, муҳаққиқ ва диплумоти собиқ, ин ҳафта ба рӯзномаи "Лос-Анҷелес таймз" гуфт, ки ҳаракати оқои Ҳайдарӣ метавонад таъсире қавӣ дошта бошад.

 

Ӯ гуфт: "Агар хабар дуруст бошад, дар он сурат як бидъат хоҳад буд, зеро аз солҳои нахусти инқилоб, замоне ки баъзе аз дипломатҳои мансуб пас аз инқилоб истеъфо дода ва тақозои паноҳандагӣ карданд, собиқа надоштааст. Ин маврид дар Нурвеж метавонад шурӯъи як раванд бошад, агар хабар дуруст бошад."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1501-konsuli-soboqi-iron-meguyad-ba-kishvar-boznakhohad-gasht.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854