13:02:01 02-уми Июни 2025 сол

ЛАВРОВ: "АЗ ТАСМИМИ ЭРОН МУТААСИФЕМ"

Русия зимни ибрози таассуф аз тасмими Эрон дар напазируфтани пешниҳоди мубодилаи урониюми бо сӯхти реоктури Теҳрон хостори талоши бештар барои ҳалли ин масъала аз роҳи музокира шудааст. Рӯзи ҷумъа, 22 январ, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дар суханоне дар Маскав гуфт, ки аз тасмими давлати Эрон барои радди пешниҳоди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои мубодилаи урониюми ғанишудаи дохилӣ бо сӯхти мавриди ниёзи реоктури Теҳрон мутаассиф аст.

 

Оқои Лавров, ки дар як нишасти хабарӣ ширкат дошт, гуфт: "Мо мутаассифем аз ин ки ба назар мерасад Эрон роҳи ҳаллеро, ки дар мавриди сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон ба даст омада буд, қобили қабул надонистааст."

 

Вай афзуд: "Дар айни ҳол, мо муътақидем лозим аст талошҳои бештаре ҳам дар заминаи ин пешниҳод мушаххас ва ба таври умумитар дар заминаи азсаргирии музокирот барои ҳаллу фасли соири ҷанбаҳои барномаи атомии Эрон сурат гирад."

 

Пешниҳоди мубодилаи урониюми ғанишудаи Эрон бо сӯхти реоктури атомии Теҳрон дар ҷаласаи намояндагони Эрон ва чанд кишвари узви Гурӯҳи 5+1 дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Вен матраҳ шуд ва дар ҳоле ки аъзои гурӯҳи 5+1 аз он истиқбол карданд, давлати Эрон онро ҳанӯз напазируфта, ҳарчанд ин пешниҳодро ба таври комил ҳам рад накардааст

 

Бар асоси ин пешинҳод, қарор буд Эрон бахши умдаи урониюми ғанишуда дар дохилро барои афзоиши дараҷаи ғанои он ба Русия ирсол дорад ва урониюми бо дараҷаи холисии бештар пас аз ирсол ба Фаронса ва табдил ба милаҳои сӯхти қобили истифода дар реоктури таҳқиқотии Теҳрон ба Эрон таҳвил шавад.

 

Интизор мерафт дар сурати иҷрои ин пешниҳод нигаронии кишварҳои ғарбӣ дар мавриди иқдоми эҳтимолии Ҷумҳурии Исломӣ дар табдили захираи урониюм бо холисии кам ба урониюми қобили истифода дар сохти аслиҳаи атомӣ дасти кам барои муддате аз миён биравад.

 

Бо вуҷуди исрори кишварҳои Гурӯҳи 5+1 ва тасвиби қатъномаи ҷадиде аз сӯйи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ алайҳи Эрон, мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ то кунун сирфан ба тарҳи шароити мухталиф барои қабули ин пешниҳод мубодират кардаанд.

 

Кишварҳои ғарбии узви Гурӯҳи 5+1 ҳам дар вокуниш ба он чи ки вақткушии давлати Эрон тавсиф кардаанд, хостори иқдоми Шӯрои Амнияти СММ дар судури қатъномаи ҷадиде ҳовии танбеҳҳои шадидтари байналмилалӣ алайҳи Эрон шудаанд.

 

Оқои Лавров дар посух ба суоле дар мавриди вокуниши Русия нисбат ба иқдоми эҳтимолӣ дар ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, гуфт "Русия аз қудратҳои ҷаҳонӣ интизор дорад, то ба талошҳои худ барои ҳаллу фасли масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи музокира идома диҳанд."

 

Вай афзуд бархӯрди маъқул дар ин замина бояд қабл аз ҳар чизи муттакӣ бар масъулиятпазирии абарқудратҳои атомӣ дар ҷилавгирӣ аз хатари густариши таслиҳоти атомӣ дар ҷаҳон бошад.

 

Вазири умури хориҷаи Русия дар айни ҳол аз имкони тарҳи қатъномае барои вазъи таҳримҳо ҷадиде байналмилалӣ алайҳи Эрон сухан гуфт, аммо дар мавриди ҳимояти эҳтимолии Русия аз чунин иқдоме изҳори назаре накард.

 

Вай гуфт: ӯрои Амнияти Созмони Милал мумкин аст иқдомоти ҷадидеро дар мавриди Эрон баррасӣ кунад, аммо умедворам, ки ҳама касоне ки масъули тасмимгириҳои оянда ҳастанд, дар иқдомоти худ мунҳасиран ба лузуми тақвияти низоми байналмилалии ҷилавгирӣ аз густариши таслиҳоти атомӣ таваҷҷуҳ кунанд ва ҳадафҳои дигарро манзури назар қарор надиҳанд."

 

Агарчи оқои Лавров дар мавриди "ҳадафҳои дигар" тавзеҳе надод, аммо мумкин аст манзури ӯ ишора ба изҳороти бархе мақомоти омрикоӣ дар ин маврид буда бошад, ки таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон набояд танҳо дар иртибот бо масъалаи ҳастаии ин кишвар матраҳ шавад, балки лозим аст давлати Эронро ба хотири он чи ки саркӯби мардум ин кишвар хонда шуда низ ҳадафи танбеҳ қарор диҳад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1596--q-q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854