ҲАВОПАЙМОИ ТУ - 154 ДАР ЭРОН ОТАШ ГИРИФТ
Як фарванд ҳавопаймои Туполев дар Эрон пас аз фуруд дар фурудгоҳи шаҳри Машҳад дучори сонеҳа шуд ва тибқи гузоришҳо чиҳилу ду тан аз мусофирон ба бемористон мунтақил шудаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин сонеҳа талафоти ҷонӣ ба дунбол надоштааст. Мақомҳои масъул дар Эрон гуфтаанд, ки маҷруҳони ҳодиса ба бемористон мунтақил шудаанд.
Ҳавопаймои Туполеви ширкати ҳавопаймоии "Тобон" 157 мусофир дошт ва шанбешаб аз шаҳри Ободон озими шаҳри Машҳад буд, ки ба иллати меҳи ғализ муваффақ ба фуруд дар Машҳад нашуд ва ба ҳамин хотир дар шаҳри Исфаҳон ба замин нишаст. Ин ҳавопаймо имрӯз субҳ, якшанбеи 24 январ ба Машҳад парвоз кард, аммо дар фурудгоҳи Ҳошиминажоди Машҳад дучори оташсӯзӣ шуд. Тибқи гузоришҳо дохили ҳавопаймо ба куллӣ сӯхта ва боли самти рост ва думу чархи ҳавопаймо ба иллати ин оташсӯзӣ ҷудо шудаанд.
Ба дунболи ин ҳодиса нерӯҳои имдодӣ ба кумаки мусофирон шитофтанд. Чанд ширкати ҳавопаймои дар Эрон аз ҳавопаймоҳои Туполев истифода мекунанд. Сухангӯи созмони ҳавопаймоии Эрон гуфтааст, ки дар парвози субҳи имрӯз халабон ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи Машҳад диди ҳадди ақале дошта, аммо ба иллати будани бемори бадҳол дар ҳавопаймо маҷбур ба эълони фуруди изтирорӣ мешавад, ки дар ҳангоми фуруд ин ҳавопаймо дучори сонеҳа мешавад.
Хабаргузории нимарасмии "Меҳр" гуфтааст, ки парвозҳои фурудгоҳи байналмиллалии Машҳад ба дунболи ин сонеҳа ба ҳоли таълиқ даромадааст. Новгони ҳавопаймоҳои мусофирбарии Эрон ба иллати таҳримҳои тулонии Омрико ба шиддат фарсудааст ва Эрон барои ҷуброни ин масъала ба харид ё иҷораи ҳавопаймоҳои сохти Русия рӯй оварда, аммо ба ақидаи бархе коршиносон ин ҳавопаймоҳо корномаи эмании хубе надоранд.
Чанд ширкати ҳавопаймоӣ дар Эрон аз ҳавопаймоҳои Туполев истифода мекунанд, вале ба далели савонеҳи ҳавоии мукаррар тайи солҳои ахир истифода аз ин ҳавопаймоҳо ҳамвора бо нигарониҳое ҳамроҳ будааст. Эрон тайи ду соли гузашта бо Русия қарордодҳое барои хариди ҳавопаймоҳои ҷадиди Туполев мунъақид кардааст.
Бархе аз намояндагони маҷлиси Эрон ва коршиносони ҳавоӣ хоҳони таваққуфи хариди ҳавопаймоҳои Туполев аз Русия шудаанд. Корхонаҷоти ҳавопаймосозии Туполев аз муассисоти қадимии сохти ҳавопаймоҳо дар Русия аст, ки дар соли 1992 тавассути Андрей Туполев тарроҳ ва муҳандиси ҳавопаймо поягузорӣ шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1604--154-.html