19:54:50 25-уми Июни 2025 сол

ЭРОН - ЗИНДОНБОНИ РӮЗНОМАНИГОРОН

Як созмони дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар гузорише Эронро соҳибрекурди шумори рӯзноманигорони зиндонӣ дар ҷаҳон муъаррифӣ кардааст. Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон дар гузориши худ дар мавриди шароити дастандаркорони расонаҳои ҳамагонӣ дар Эрон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дастикам чиҳилу ҳафт рӯзноманигор дар ин кишвар зиндонӣ ҳастанд ва ба ин тартиб шумори рӯзноманигорони маҳбус дар Эрон аз соли 1996, чаҳордаҳ сол пеш, то кунун дар ҳеҷ кишвари дигар дар ҷаҳон собиқае надоштааст.

 

Бар асоси ин гузориш, шумори рӯзноманигорони зиндонӣ дар Эрон ҳатто аз теъдоди мушобеҳ дар Ҷумҳурии Халқи Чин, бо низоми кумунистӣ ва ҷамъияти беш аз як милёрду сесад милюн нафар, пешӣ гирифта ва барои Ҷумҳурии Исломӣ рекурде камсобиқа дар ин замина бар ҷой гузоштааст.

 

Дар ин гузориш омадааст, ки бисёре аз рӯзноманигорони боздоштӣ баъд аз эъломи натиҷаи баҳсбарангези интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ ба зиндон афтодаанд ва ташкилоти ҳукуматӣ ҳамчунон ба иқдомоти таҳоҷумии худ барои ҷилавгирӣ аз фаъолият ва дастгирии рӯзноманигорони мустақил ва мунтақиди давлат идома медиҳад.

 

Дар гузориши Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон ба нақл аз мудири иҷроии ин созмон омадааст, ки "саркӯби беамони матбуъот дар Эрон нишонаи он аст, ки ҳукумат аз ибрози дидгоҳҳои ҷадид ва дастрасии мардум ба иттилоъот ва ахбор бимнок аст."

 

Вай дар мавриди ҳадаф аз таҳияи ин гузориш гуфтааст, ки "ҳадҳафи мо сирфан мустанад кардани бераҳмии ҳукумат нест, балки гӯшзад кардани ин воқеъият ба Эрон аст, ки ҷаҳон иқдомоти ононро зери назар дорад."

 

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон гузориши худро бар асоси омор ва иттилоъоти марбут ба боздошти рӯзноманигорон дар таърихи аввали феврали соли ҷорӣ таҳия карда ва гуфтааст, ки ин гузориш "тасвире мухтасар" аз асомӣ ва шарҳи ҳоли касоне аст, ки дар он таърих дар зиндон будаанд.

 

Ба гуфтаи ин кумита, гузориши мунташиршуда шомили асомии беш аз панҷоҳ рӯзноманигори дигаре намешавад, ки дар хилоли моҳҳои ахир дастгир ва пас аз муддате, аз ҳабс озод шудаанд. Ин гузориш меафзояд, ки "панҷ тан аз рӯзноманигороне, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон ҳастанд, қабл аз оғози давраи саркӯби рӯзноманигорон дар соли ҷорӣ ба зиндон афтодаанд.

 

Иттиҳомоти боздоштиён

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон гуфтааст, ки бархе аз боздоштиён, аз ҷумла рӯзноманигорони саршинос дар дохилу хориҷ аз Эрон ҳастанд, ки аз он ҷумла метавон ба Имодудини Боқӣ, нависанда ва фаъоли ҳуқуқи башар, Мошоаллоҳ Шамсулвоъизин, рӯзноманигор ва вакили мудофеъи рӯзноманигорон ва касоне монанди Муҳаммади Доварӣ, ифшогари озори зиндониёни Каҳрезак ва Шевоназар Оҳорӣ, мудофеъи ҳуқуқи башар, ки дар тӯли ҳашт моҳи гузашта ду бор ба зиндон афтода, ишора кард.

 

Дар идомаи гузориш омадааст, ки дар бисёре аз маворид, мақомоти қазоӣ иттиҳомоти мубҳами зиддиҳукуматӣ монанди "таблиғот алайҳи низом", иҳонат ба масъулон ва ихлол дар назми умумиро алайҳи рӯзноманигорони боздоштӣ унвон кардаанд, аммо дар аксар маворид, далел ва шароити боздошт дар пардае аз ибҳом қарор дорад ва расман ҳеҷ иттиҳоме алайҳи фарди боздоштӣ ворид нашудааст.

 

Бархе аз боздоштшудагон ба давраҳои тӯлонии ҳабс, шаллоқ, табъиди дохилӣ ва мамнӯъияти тӯлонӣ ё модомулумр аз нависандагӣ ва соири фаъолиятҳои маданӣ ва сиёсӣ маҳкум шудаанд ва барои як рӯзноманигор низ ҳукми эъдом содир шуда ва ду тани дигар низ бо иттиҳомоте мувоҷеҳ ҳастанд, ки дар сурати маҳкумият дар Ҷумҳурии Исломӣ муҷозоти эъдомро дар пай дорад.

 

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон эълом доштааст, ки "бо таваҷҷуҳ ба тадовуми сиёсати саркӯб тавассути давлати Эрон", ин кумита ба баррасии моҳонаи шароити рӯзноманигорони зиндонӣ дар Эрон идома медиҳад, ҳарчанд дар шароити оддӣ маъмулан ба интишори танҳо як гузориши солона дар сатҳи ҷаҳонӣ иктифо мекардааст.

 

Дар ин гузориш омадааст, ки "Эрон дар ҳоли ҳозир, бо фосилае азим, мақоми аввали ҷаҳон ба унвони зиндонбони рӯзноманигоронро ба худ ихтисос дода ва Чин бо бисту чаҳор рӯзноманигори зиндонӣ, дар радаи дувум қарор мегирад."

 

Дар идомаи ин гузориш, асомӣ ва шарҳи ҳоли теъдоде аз рӯзноманигорони боздоштӣ чоп шуда ва дар заминаи он, як филми видиюӣ аз мусоҳибаи Ёсун Отоносиёдис, рӯзноманигори юнонӣ, дар дастрас қарор дорад. Ин хабарнигор дар ҷараёни гирдоварии хабар дар Эрон бозошт шуд ва бист рӯзро дар зиндон гузаронд ва дар ин мусоҳиба таҷрибаи худро аз ин давра баён мекунад.

 

Кумитаи ҳиямоят аз рӯзноманигорон ян созмони ғайриинтифоъӣ аст, ки барои пайгирӣ ва барангехтани вокуниши ҷаҳонӣ алайҳи бархӯрди хушунатомез ва салби ҳуқуқи рӯзноманигорон дар нуқоти мухталиф эҷод шуда ва фаъолияти он шомили таҳияи гузориш дар мавриди шароити рӯзноманигорон бахусус дар нуқоте аст, ки иттилоъоти марбут ба онҳо басодагӣ дар дастраси афкори умумӣ қарор намегирад. Ин созмон дар соли 1981 тавассути гурӯҳе аз рӯзноманигорони хориҷӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида фаъолият доштанд, таъсис шуд ва қароргоҳи он дар шаҳри Ню-йурк воқеъ аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1687-2010-02-05-13-29-38.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ