17:16:27 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/17_--01-a-aaaaalimpiyada-2010-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/17_--01-a-aaaaalimpiyada-2010-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/17_--01-a-aaaaalimpiyada-2010-2.jpg'

МАРҶОН ҚАБЛ АЗ ОҒОЗИ САБҚАТИ ОЛИМПӢ ПИРӮЗ ШУДААСТ

Дар бозиҳои олимпии Ванкувер барои аввалин бор як зани эронӣқ хонум Марҷон Калҳури 21 сола, дар сабқати лижаронӣ ё худ скиинг ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ҳанӯз қабл аз оғози мусобиқа метавон гуфт, ки ин хонум қаҳрамон шуд. Марҷон Калҳур медонад, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ дар мусобиқаи слаломи лижаронҳои кӯҳӣ медал нахоҳад гирифт, аммо ин хонуми 21 солаи эронӣ аснои аввалин тамрин дар варзишгоҳи олимпии Ванкувер иддао намуд, ки ӯ аллакай макони аввалро ишғол кардааст.

 

Марҷон Калҳур аввалин зани эронист, ки дар мусобиқаи занонаи лижаронҳои кӯҳӣ иштирок мекунад. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Рейтерс хонуми ҳиҷобпӯши эронӣ таъкид кард, ки либоси исломӣ ба ҳунарнамоии ӯ ҳеҷ таъсири баде надорад: "Аввалин ҳадафам ин аст, ки чун аввалин зани мусулмоне ҳастам, ки дар ин мусобиқот ҳузур дорам, мехоҳам ба ҳамаи занони мусулмони дунё бигӯям, ки ҳиҷоб маҳдудият нест ва онҳо метавонанд бо ҳиҷобашон дар мусобиқаҳои бузург матраҳ бошанд ва ҳузур дошта бошанд ва эҳсоси ман ин аст, ки ман хеле хушҳолам."

 

Марҷон Калҳур аз синни чорсолагӣ ба лижаронӣ машғул буда, аввалин ҷоизаи варзиширо дар 11-солагиаш ба даст овардааст. Ҷои дӯстдоштаи тамринҳои Марҷон минтақаи Дизини канори Теҳрон аст. Ӯ умед дорад, ки рӯзе муаллими тарбияи ҷисмонӣ хоҳад шуд. Феълан бародари Марҷон Рустам мураббии ӯ мебошад.

 

Дар ин рӯзҳо хонуми Калҳур дар як ба истилоҳ нишебӣ ҳамроҳ бо беҳтарин лижаронҳои кӯҳии саросари дунё хонумон Аня Персон ва Катрин Тсеттел машқ мекунад. Шореҳон мегӯянд, таҷрибаи Марҷон барои насли нави духтарони эронӣ намуна хоҳад шуд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1773-2010-02-17-21-13-04.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854