"БЕВАҲОИ СИЁҲПӮШ" ТАҲДИДЕ БАРОИ РУСИЯ
Мақомҳои амниятии Русия гуфтаанд як зани беваи 18-солаи аҳли Доғистон ба номи Ҷаннат Абдураҳмонова яке аз ду бумбгузори интиҳории ахир дар метрои Маскав буд. Ин ҳамла беш аз чиҳил кушта ва даҳҳо маҷруҳ бар ҷой гузошт. Ҷаннат Абдураҳмонова ҷузъи заноне аст, ки дар Русия ба онҳо "беваҳои сиёҳпӯш" гуфта мешавад. Тасвире, ки аз Ҷаннат интишор ёфта духтаре ҷавон бо чеҳраи кӯдаконаро нишон медиҳад, ки аслиҳа ба даст дар канори ҳамсараш Умолот Магамедов, яке аз шӯришиёни Доғистон дида мешавад.
Шавҳари вай дар авохири соли гузашта дар ҳамлаи нерӯҳои амниятии Русия кушта шуд ва Ҷаннат барои интиқом аз марги ӯ дар метрои Маскав худ ва даҳҳо инсони дигарро кушт. Аз соли 2002, ки занони чеченӣ даст ба ҳамалоти интиҳорӣ дар Русия заданд, номи беваҳои сиёҳпӯш ёдовари марг аст. Дар он сол дар байни як гурӯҳи синафараи муҳоҷим, ҳаждаҳ зан буданд, ки пӯшиши баланди сиёҳ ба тан доштанд ва камарбанди инфиҷорӣ ба худ баста буданд.
Ин занон муддати се рӯз ба ҳамроҳи шӯришиёни чеченӣ муроқибат аз ҳаштсад гаравгонро ба уҳда доштанд ва худро беваи шӯришиёне мехонданд, ки шавҳаронашон ба дасти нерӯҳои амниятии Русия кушта шуда буданд. Пеш аз ин воқеъа буд, ки лақаби "беваҳои сиёҳпӯш" дар расонаҳои Русия ва дигар нуқоти ҷаҳон дар васфи занони интиқомҷӯйи чеченӣ ба кор меравад.
То кунун 24 зани чеченӣ, ки ба таври миёна аз 15 то 37 сол син доштанд, ба ҳамалоти интиҳорӣ даст задаанд. Маргбортарини ин ҳамалот дар ду ҳавопаймои мусофирбарӣ дар соли 2004 рӯй дод, ки навад кушта бар ҷой гузошт. Аммо чи авомиле боъис шудааст, ки ин занони ҷавон даст ба чунин коре бизананд?
Анна Политковская, рӯзноманигори саршиноси рус ва аз мунтақидони сарсахти сиёсати Русия, дар Чечен таҳқиқоти зиёде дар мавриди қатл, таҷовузи ҷинсӣ ва нопадид шудани шаҳрвандони чеченӣ дар амалиёти нерӯҳои амниятии Русия анҷом дод. Ӯ, ки баъд аз ифшогариҳояш дар соли 2006 ба қатл расид, дар мақолае навишт:
"Баъд аз мусоҳиба ва дидор бо даҳҳо зани чеченӣ, аксари заноне, ки барои амалиёти интиҳорӣ ибрози омодагӣ мекарданд, ангезаи худро интиқомҷӯйӣ аз кушта шудани ҳамсар, фарзанд, бародар ва падари худ ба дасти нерӯҳои Русия баён мекарданд. Чаро ки мусибатҳои ҷанг ва аз даст додани азизон онҳоро чандон ноумед карда буд, ки идомаи зиндагӣ барояшон мумкин набуд."
Яке аз ин занон як сол баъд аз он ки шавҳараш тавассути яке аз фармондеҳони рус рабуда ва кушта шуд, ҷилави ӯро дар хиёбон гирифт ва гуфт "Маро ба ёд меоварӣ?", онгоҳ бумби камарии худро мунфаҷир кард.
Таҷовузи ҷинсӢ
Омили муҳими дигаре, ки ба ин ҳамалот мунҷар мешавад, таҷовузи ҷинсӣ аст, ки дар ҷомеъаи падарсолори Чечен боъиси ронда шудани онҳо аз иҷтимоъ мешавад. Духтароне, ки мавриди таҷовуз қарор мегиранд, қодир ба издивоҷ бо марди дигаре нестанд ва чун умеде ба зиндагӣ надоранд, ҳозиранд ба зиндагии худ хотима бидиҳанд. Мавориди бисёре аз таҷовуз ба занони чеченӣ аз сӯйи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар матраҳ шудааст ва парвандаҳои он барои расидагӣ ба додгоҳи урупоии ҳуқуқи башар ирҷоъ шудааст.
Ниҳоди пизишкии муроқибат аз қурбониёни шиканҷа дар як гузориш шавоҳиди пизишкии муътабареро дар мавриди шиканҷа ва таҷовуз ба занон дар Чечен ба даст медиҳад. Дидабони ҳуқуқи башар борҳо дар ин бора ба Русия ҳушдор додааст, вале ба гуфтаи ин созмонҳо, Русия то кунун иқдоме дар ин бора ба амал наовардааст. Таня Лукашина, муъовини Созмони назорат бар ҳуқуқи башари Русия, ки батозагӣ сафаре ба Доғистон анҷом додааст, мегӯяд, ки бумбгузорӣ ва терур тайи ду соли гузашта дар ин минтақа афзоиш пайдо кардааст.
Ӯ иллати ин вазъро кинае медонад, ки мардум аз "беадолатиҳо"-и Русия ба дил гирифтаанд, вазъияте, ки ба гуфтаи ӯ заминаро барои фаъолияти гурӯҳҳои исломии ифротӣ омода кардааст. Таня Лукашина мегӯяд заноне, ки шавҳар ва ё наздикони худро аз даст додаанд, бештар таҳти таъсири таблиғоти ин гурӯҳҳо қарор мегиранд.
Ба гуфтаи ӯ: "Ин дарвоқеъ комилан марбут ба шӯриши бунёдгароии исломӣ бо эътиқод ба амалиёти ҷиҳодӣ аст, ки дар шимоли Қафқоз фаъолият дорад ва далели он нақзи ҳуқуқи башар аз сӯйи артиши Русия дар дувумин ҷанги Чечен аст."
Ӯ меафзояд: "Аз ҷумла шиканҷа, эъдом, таҷовуз ва куштани бисёре аз мардуми Чечен. Лозим аст таъкид кунам, ки аз он замон то кунун панҷ ҳазор нафар мафқудуласар шудаанд, бидуни он ки ҳеҷ нишоне аз онҳо ба даст биёяд. Омилини ин гуна эъмол ҳаргиз ба муҷозот нарасидаанд."
Бисёре аз коршиносоне, ки бо бофти иҷтимоъӣ, таърих ва фарҳанги Чечен ошноӣ доранд, мегӯянд ки қабл аз соли1995 дар Чечен гароишҳои исломии ифротӣ дида намешавад. Лоренс Узел, аз мақомҳои Созмони дидабони озодии мазоҳиб, ки таҳқиқоти зиёде дар мавриди нақши ислом дар Чечен ба амал оварда, муътақид аст, ки қабл аз дувумин ҷанги Чечен ҷунбиши ҷудоиталабӣ дар ин минтақа бештар миллигароёна буд ва мазҳаби чеченҳо, ки суфии нақшбандӣ аст бо тамоюлоти ифротии исломӣ мутобиқат намекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷойи таъаҷҷуб надорад, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз мавқеъияти кунунӣ барои пешбурди аҳдофи худ истифода кунанд.Барои бисёре аз гурӯҳҳои ифротӣ занон роҳаттар метавонанд худро аз таваҷҷуҳи маъмурони амниятӣ дур нигоҳ доранд ва аз назари таблиғотӣ ҳам ширкати як зан дар ин гуна ҳамалот бештар ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.
Ба гуфтаи давлати Русия, шавоҳиде, ки аз эътирофи баъзе аз заноне, ки қабл аз анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ боздошт шудаанд, ба дастомада ҳокист, ки аксари онҳо муддатҳо тавассути гурӯҳҳои ваҳҳобӣ таълим дидаанд ва ба онҳо талқин шуда буд, ки чун умеди дигаре надоранд, метавонанд бо интиқомҷӯйӣ барои кишварашон коре анҷом диҳанд.
Мунтақидон мегӯянд давлати Русия чашми худро ба рӯйи воқеъиятҳо дар Чечен мебандад ва ба ҷойи муҷозоти касоне, ки сабабгори аъмоли фоҷеъабор дар Қафқози Шимолианд, гурӯҳҳои ифротии исломиро масъули вазъияти феълӣ медонад.
Андрей Миронов, сухангӯйи гурӯҳи "Мемориал", як созмони мудофеъи ҳуқуқи башари Русия, мегӯяд бо вазъияте, ки дар баъзе аз манотиқи Қафқози Шимолӣ шоҳиди он будааст интизори иқдомоте назири бумбгузорӣ дар метрои Маскав мерафт.
Ӯ мегӯяд: "Он чи ман дар он ҷо дидам, таҳқиру тарси мудовими мардуми бегуноҳ буд бидуни он ки ҳукумати қонун ва ё ҳуқуқи башар вуҷуд дошта бошад. Чунин вазъияте ба ҷуз нафрат ва навмедӣ чизи дигаре ба бор нахоҳад овард, ҳарчанд ҳеҷ чиз наметавонад эҷоди тарсу куштани афроди бегуноҳро чи аз сӯйи ҳукумат ё гурӯҳҳои шӯришӣ тавҷеҳ кунад".
Бисёре аз мардуми Чечен ҳамалоти интиҳориро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, ки беш аз як даҳаи ҷанг садҳо ҳазор куштаву овора бар ҷой гузоштааст. Нозирон мегӯянд иддаи каме аз чечениҳо даст ба аъмоли хушунатбор мезананд ва ҳамлаи интиҳории занон бо фарҳанги Чечен ва дигар манотиқи Қафқози Шимолӣ, ки модар ва ҳамсар буданро волотарин нақши зан медонад, бегона аст.
Судоба Ҷаводӣ, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2100-q-q-.html