13:14:04 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/17_--01-a-aaaaaakirgiz-2.jpg'

ЭЪТИРОЗИ ҶОНИБДОРОНИ СОБИҚ ВАЗИРИ ДИФОИ ҚИРҒИЗИСТОН

Бино ба иттилои расида аз Қирғизистон, зуҳри рӯзи шанбе дар шаҳри Ҷалолобод ҳудуди 300 нафар аз ҷонибдорони собиқ вазири дифои боздоштшуда Бақитбек Қалиев ба бинои ҳукумати ин вилоят ҳамла кардаанд. Эътирозгарон аз мақомот тақозои раҳоии собиқ вазири дифоъро доранд. Ҳукумати муваққатӣ Бақитбек Қалиевро дар ҳодисаҳои хунини рӯзҳои ахир дар Қирғизистон, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, масъул медонад.

 

Бақитбек Қалиев, вазири дифои ҳукумати Қурмонбек Боқиев, шоми рӯзи панҷшанбе дар фурӯдгоҳи шаҳри Ҷалолобод аз сӯи гурӯҳи махсуси амниятӣ дастгир шуда буд. Вай то охирин лаҳзаҳо Қурмонбек Боқиевро ҳамроҳӣ мекард ва дар замоне боздошт гардид, ки Боқиев вориди ҳавопаймо шуда, Қирғизистонро тарк мекард. Тарафдорони Қалиев дирӯз низ дар майдони марказии шаҳри Ҷалолобод ҷамъ омаданд. Онҳо мегӯянд, Бақитбек Калиев гуноҳ надорад ва набояд масъули ҳаводиси хунин дар Бишкек дониста шавад.

 

Тазоҳурот кормандони пулиси Ҷалолобод

Субҳи имрӯз дар маркази шаҳри Ҷалолобод ҳудуди 500 нафар аз кормандони мақомоти пулиси маҳаллӣ бо шиорҳо алайҳи вазири нави умури дохилии Қирғизистон Болотбек Шерниязов тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

 

Ин тазоҳурот дар ҳоле сурат гирифт, ки нерӯҳои амниятӣ таҳти раҳбарии вазири нави умури дохилӣ барои боздошти Жанишбек Боқиев – бародари президенти барканоршуда вориди Ҷалолобод шудаанд. Болотбек Шерниязов талош кардааст, бо милисаҳои эътирозгар гуфтушунид кунад, вале онҳо ба вазири дохилӣ ҳамла карда, ӯро аз майдон рондаанд.

 

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӢ алайҳи Максим Боқиев

Додситонии кулли Қирғизистон бар зидди писари дувуми президенти собиқи ин кишвар Максим Боқиев, ки ба сирқати амвол ва сӯйстифода аз мақоми давлатӣ айбдор мешавад, ду парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Максим Боқиеви 33-сола, ки раёсати Бунгоҳи сармоягузорӣ ва рушди иқтисодии Қирғизистонро дар ӯҳда дошт, ба қавли намояндаи додситонии кулли ин кишвар, 35 миллион долларро аз қарзи 300-миллион долларии Русия ба чанд ҳисоби бонкии зери назорати худ интиқол додааст.

 

Вай ва шариконаш ба он айбдор мешаванд, ки бахши дигаре аз ин вомро барои хариду фурӯши саҳмияҳои хориҷӣ истифода бурдаанд. Ҳоло дар куҷо будани Максим Боқиев маълум нест. Вай дар арафаи рӯйдодҳои Қирғизистон барои гуфтушуниди расмӣ ба Вашингтон парвоз карда буд. Ҳукумати муваққати Қирғизистон ҳамчунин бар зидди як қатор мансабдорони солҳои ҳокимияти Қурмонбек Боқиев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2136-2010-04-17-14-48-27.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854