13:01:52 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/18_--01-a-aaaaaahmadinejad.jpg'

АҲМАДИНАЖОД: ПАЙМОНИ МАНЪИ СИЛОҲҲОИ ҲАСТАӢ ИСЛОҲ ШАВАД

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, хостори бознигарӣ дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ шудааст. Вай дар суханронии худ барои ширкаткунандагони нишасти "Халъи силоҳ ва адами ишоъаи (густариши) силоҳҳои куштори ҷамъӣ" рӯзи шанбеи 17 апрел дар Теҳрон оғоз шуд, хоҳони ташкили гурӯҳе барои халъи силоҳи ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши он аз сӯйи Маҷмаъи Умумии СММ шудааст.

 

 Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин хоҳони он шуда, ки кишварҳои доранда, корбаранда ва таҳиякунандаи силоҳҳои ҳастаӣ аз узвият дар Ожонси Энержии Атумӣ ва Шӯрои Ҳукком таълиқ (хориҷ) шаванд. Раиси ҷумҳури Эрон зимни пешниҳоди бознигарӣ дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ гуфтааст, ки тарҳи ислоҳи ин санадро бояд кишварҳое таҳия кунанд, ки силоҳи ҳастаӣ надоранд.

 

Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Амрико, низ аз муддатҳо қабл хостори ислоҳоте дар ин паймон шуда буд. Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин бори дигар масъалаи ислоҳи сохтори Шӯрои Амнияти СММ-ро матраҳ карда ва гуфтааст, ки ё бояд ҳаққи ветӯ (рад) кардан аз ин санад барандохта шавад, ё кишварҳое аз Амрикои Ҷанубӣ, Офриқо, Урупо ва Осиё ҳам дорои чунин ҳаққе шаванд.

 

Пешниҳоди панҷуми раиси ҷумҳури Эрон ташкили гурӯҳе корӣ аз сӯйи кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Теҳрон барои пайгирии мусавваботи ин иҷлос аст. Оқои Аҳмадинажод дар суханони худ гуфт, ки Эрон ба ҳамкориҳои худ бо Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ идома хоҳад дод.

 

"Корбурди ҳаром"

Аввалин кунфронси байналмилалии "Халъи силоҳ ва адами ишоъа" дар Теҳрон бо ҳузури намояндагони бархе аз кишварҳо ва бо паёми Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, оғоз ба кор кард. Оқои Хоменаӣ дар паёми худ силоҳи ҳастаӣ ва соири силоҳҳои куштори ҷамъиро таҳдиде барои башарият хонда ва корбурди ин силоҳҳоро ҳаром донистааст.

 

Баргузоркунандагони ин кунфронси дурӯза, ки бо шиъори "Энержии ҳастаӣ барои ҳама, силоҳи ҳастаӣ барои ҳеч кас" кори худро оғоз карда, мегӯянд чаҳордаҳ вазири хориҷа ва даҳ муъовини вазир ва намояндагони наздик ба 60 кишвар ва созмон дар ин нишаст ширкат кардаанд.

 

Нишасти Теҳрон ба дунболи кунфронси "Амнияти ҳастаӣ" дар Амрико баргузор мешавад. Кунфронсе, ки бо мизбонии Амрико баргузор шуд, сарони кишварҳои корбарандаи энержии ҳастаӣ дар он ҳузур доштанд ва Амрико аз даъвати Эрон ва Куреи Шимолӣ худдорӣ кард.

 

Эъломи сиёсати ҷадиди ҳастаии Амрико аз сӯйи Борок Убомо вокуниши шадиди мақомҳои Эрон, аз ҷумла Оятуллоҳ Хоменаиро дар пай дошт. Раҳбари Эрон бо интиқоди шадид аз "таҳдиди Эрон ба ҳамлаи атумӣ" тавассути раиси ҷумҳурии Амрико аз нерӯҳои мусаллаҳ хост дар баробари таҳдидҳо "омодагӣ ва ҳушёрии комил дошта бошанд."

 

"Ҷурми атомии Амрико"

Оқои Хоменаӣ дар паёми худ, ки тавассути Алӣ Акбари Вилоятӣ, мушовири байналмилалии ӯ, дар кунфронси Теҳрон хонда шуд, улуми ҳастаиро яке аз бузургтарин дастовардҳои башарӣ хонда, ки бояд дар хидмати рифоҳи миллатҳо бошад.

 

Раҳбари Эрон дар ин паём башиддат аз Амрико интиқод карда ва ин кишварро ба дурӯғгӯйӣ дар бораи мубориза бо густариши силоҳи ҳастаӣ муттаҳам карда ва гуфтааст Амрико танҳо кишварест, ки муртакиби "ҷурми атумӣ" шуда ва танҳо давлатест, ки "миллати мазлуми Жопунро мавриди ҳуҷуми атумӣ қарор дод."

 

Раҳбари Эрон истифода ва таҳдид ба истифода аз силоҳи ҳастаиро нақзи қавоъиди башадӯстона ва мисдоқи (намунаи) боризи ҷинояти ҷангӣ хонда ва гуфтааст, ки пирӯзӣ дар ҷанги ҳастаӣ номумкин ва даргирӣ дар чунин ҷанге ғайриақлонӣ ва зиддиинсонӣ аст.

 

Оятуллоҳ Хоменаӣ аз кишварҳои ширкаткунанда дар кунфронси Теҳрон хоста, то барои муқобала бо таҳдиди силоҳҳои ҳастаӣ роҳкорҳое ироа кунанд. Ӯ бар омодагии Эрон барои ироаи имконот дар ин замина таъкид кардааст.

 

Ин барои аввалин бор нест, ки раҳбари Эрон корбурди силоҳи ҳастаиро ҳаром медонад. Мақомҳои эронӣ борҳо ба фатвои Оятуллоҳ Хоменаӣ дар заминаи ҳаром будани истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ барои муқобала бо ончи таблиғоти ғарбиҳо мехонанд, истинод кардаанд.

 

Кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки таҳти пӯшиши фаъолиятҳои сулҳталабонаи ҳастаӣ дар садади дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст, аммо мақомҳои Эрон ин иттиҳомро рад карда ва мегӯянд, ки Эрон хоҳони даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаӣ нест. Таъкиди Эрон бар ғанисозии урониюм боъис шуда, то Шӯрои Амнияти СММ дар чанд навбат таҳримҳоеро алайҳи Эрон ба мавриди иҷро бигзорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2137-2010-04-18-07-34-08.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854