ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ ИСТЕЪФОИ ХУДРО РАД КАРД
Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон гуфтааст, раҳбари ин кишвар боқӣ мемонад ва масъулияти ҳаводиси Қирғизистонро низ аз дӯши худ соқит намекунад. Ӯ ин суханонро дар ситоди Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Минск изҳор доштааст.
Қурмонбек Боқиев, ки дар мақари Ҷомеаи кишварҳои мушатаракулманофеъ дар Минск, пойтахти Белорус сӯҳбат мекард, гуфтааст, ки “Ман ҳамчун раиси ҷумҳури Қирғизистон ва кафили Қонуни асосӣ масъулияти ҳаводисе, ки дар кишвар ҷараён дорадро, аз дӯши худ соқит намекунам. Ман омодаам посух бигӯям”. Раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтааст, ки “ҳукумати гурӯҳи номашрӯъро” эътироф накунанд.
Манзури ӯ ҳукумати муваққати Қирғизистон аст, ки идораи умури ин кишварро дар даст дорад. Шоми дирӯз Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, иқрор кард, ки Боқиев бо аҳли хонаводааш дар Минск ба сар мебарад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбари барканоршудаи Қирғизистон шоми рӯзи душанбе зери ҳимояи кормандони Хадамоти амниятии Белорус аз Қазоқистон ба Минск омад.
Қурмонбек Боқиев дар пайи ҳаводиси 7 ва 8 -уми апрел дар Бишкек ба ҷануби Қирғизистон рафт ва талош намуд ҳаракати ҷонибдоронашро роҳандозӣ кунад. Аммо баъдтар, дар поёни ҳафтаи гузашта, бо миёнҷигарии Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро бар ӯҳда дорад, аз қаламрави кишвараш берун, ба ҷануби Қазоқистон рафт ва истеъфои худро эълон намуд.
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, қаблан гуфта буд, агар Қурмонбек Боқиев хоста бошад, омодааст, дар Белорус ӯро пазироӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон саъй дорад назму субот дар канораҳои Бишкек, пойтахти ин кишварро барқарор намояд. Бар асари бархӯрдҳои ду рӯзи гузашта дар минтақаи атрофи пойтахт, дасти кам панҷ нафар кушта шудаанд.
Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон пулиси таъиноти махсус дар деҳаи Майовкаи канори Бишкек садҳо нафарро муҳосира кардааст. Рӯзи душанбе дуздон ва эътирозгарон ба хонаҳои рустаборон ва туркҳои месхетии муқими ин деҳа ҳамла карданд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2162-2010-04-21-12-29-14.html