ДАР ҚИРҒИЗИСТОН МЕХОҲАНД НИЗОМИ ПОРЛУМОНӢ БИСОЗАНД
Ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар сомонаи интернетии худ тарҳи қонуни асосии ҷадиди ин кишварро мунташир кардааст. Ин санад тағйири низоми сиёсии Қирғизистон ва эҷоди низоми идораи порлумонӣ дар ин кишварро дар назар дорад. Дар ин тарҳ тағйироти ҷиддие дар мавриди ихтиёроти раёсати ҷумҳурӣ, порлумон ва ҳукумат ва ҳазфи Додгоҳи қонуни асосӣ пешниҳод шудааст. Тибқи ин тарҳ раёсати ҷумҳурӣ як ниҳоди ташрифотӣ хоҳад буд.
Фаъолиятҳои қонунгузорӣ ва иҷроия дар ихтиёри порлумон ва ҳукумат қарор хоҳад гирифт. Раиси ҷумҳур сарвари давлат боқӣ хоҳад монд ва аз Қирғизистон дар хориҷ намояндагӣ хоҳад кард ва музокирот анҷом хоҳад дод, аммо танҳо бо мувофиқаи порлумон метавонад асноди байналмиллалиро имзо кунад. Дар сурати қабули ин тарҳ давраи раёсати ҷумҳурӣ панҷ сол хоҳад буд.
Тибқи тарҳи ҷадиди қонуни асосӣ порлумони Қирғизистон бояд ҳукуматро ташкил диҳад ва қавонинро пешниҳод ва тасвиб кунад. Фаъолияти ҳукумат комилан таҳти назари порлумон хоҳад буд ва ҳукумат аз фаъолияти худ ба намояндагони порлумон гузориш медиҳад. Шумори намояндагони порлумон ҳанӯз мушаххас нест, аммо интизор меравад порлумони Қирғизистон 105 ё 120 узв дошта бошад, ки бар мабнои феҳристи аҳзоби сиёсӣ интихоб шуда бошанд.
Барои ворид шудан ба порлумон аҳзоб бояд ҳадди ақал панҷ дарсади ороро касб кунанд. Ҳизби пирӯз ҳақ нахоҳад дошт беш аз 65 ё дар варианти дигари ин тарҳ 60 курсии порлумонро дар ихтиёр дошта бошад. Дар ин тарҳ аз забони русӣ ба унвони забони расмӣ ёд шудааст, аммо забони давлатӣ забони қирғизӣ хоҳад буд.
Баррасӣ ва баҳси ин тарҳ то 14 моҳи май идома хоҳад дошт ва қарор аст рӯзи 27 май дар бораи тарҳи қонуни асосии ҷадиди Қирғизистон ҳамапурсӣ баргузор шавад.Замони баргузории интихоботи пордлумонӣ дар Қирғизистон 10 октябр муқаррар шудааст. Дар таҳаввули дигар Ҳукумати муваққати Қирғизистон боздошти Молдомуса Қонғантиев, вазири пешини пулиси ин кишвар дар Маскав ва истирдоди вай ба Қирғизистонро таъйид кардааст.
Расонаҳои Қирғизистон хабар додаанд, ки субҳи рӯзи душанбеи 26 апрел ҳавопаймое, ки дар дохили он вазири собиқи умури дохила буд, вориди фурудгоҳи Манас шуд. Алмазбек Атамбаев, муъовини раҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки “Оқои Қонғантиевро мо бо мусоидати ниҳодҳои интизомии Русия боздошт кардаем”.
Манобеъи Идораи амнияти Қирғизистон хабар додаанд, ки феълан оқои Қонғантиев дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек қарор дорад, вале нагуфтаанд, ки иттиҳоми ворида алайҳи ӯ чӣ аст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия то ҳол дар бораи боздошт ва истирдоди Қонғантиев изҳори назаре накардаанд.
Вале бархеҳо хабари боздошти оқои Молдомуса Қонғантиев дар Маскавро машкук мехонанд, зеро қаблан хабари зери муроқибати пизишкон будани вай дар Бишкек пахш шуда буд ва сипас гузоришҳо дар Ӯш пайдо шудани ӯро хабар додаанд. Дар ҳамин ҳол пайвандон ва ҷонибдорони вазири пешини умури дохилаи Қирғизистон ҳаракати васоили нақлия дар ҷоддаи Бишкек-Ӯшро монеъ шудаанд.
Алмазбек Атамбаев, муъовини раҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба мақомоти Русия барои мусоъидат дар боздошт ва истирдоди оқои Қонғантиев изҳори сипос кардааст. Вай афзудааст: “Мо аз ФСБ (Идораи амнияти федероли Русия) барои мусоъидат дар боздошти оқои Қонғантиев сипосгузорем. Вай дар аъмоли зидди мухолифин дар торихи 6-7 апрел мазнун дониста мешавад”.
Тазоҳуроти мухолифини қирғиз дар шаҳри Таласи Қирғизистон шуруъ шуд ва вазири пешини умури дохила барои таъмини назми умумӣ ба ин шаҳр эъзом шуда буд. Вале оқои Қонғантиев аз сӯйи тазоҳуркунандагон боздошт ва мавриди лату кӯб қарор гирифт.
Дар бораи сарнавишти ояндаи Қонғантиев иттилоъи зиддунақиз – аз муолиҷаи вай дар Бишкек гирифта то хабари фавти вай пахш мешуд. Наворҳои лату кӯби вай аз тариқи шабакаҳои мухталифи телевизиюнӣ пахш шуда буд.
Алмазбек Атамбаев, муъовини раҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистон дар ҷаласаи кумиссиюни таъмини интизом ва амният изҳор доштааст, ки “оқои Қонғантиев, ки дар Бишкек таҳти муроқибати пизишкон қарор дошт, нахуст дар Ӯшу Ҷалолобод ва сипас дар Маскав пайдо шуд. Чӣ гуна марзбонон ба шахсе, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, иҷозаи ихроҷ додаанд?”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2197-2010-04-27-03-42-03.html