"АҲМАДИНАЖОД БАРОИ ИНҲИРОФИ ЗЕҲНҲО БА НЮ ЙОРК МЕОЯД"
Ҳилори Клинтун, вазири хориҷаи Омрико мегӯяд, Маҳмуди Аҳмадинажод барои инҳирофи азҳон ва шубҳаафканӣ дар мавзӯъи манъи густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ ба Ню Йорк меояд. Раиси ҷумҳури Эрон якшанбе, пас аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ барои ширкат дар иҷлоси бознигарии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (Эн Пи Ти) вориди Ню Йорк шуд. Ин нишаст рӯзи душанбе дар мақари Созмони Милали Мутаҳид оғоз ба кор мекунад.
Иҷлоси Эн Пи Ти дар сатҳи вузарои хориҷа баргузор мешавад, аммо Маҳмуди Аҳмадинажод, танҳо раиси ҷумҳури ширкаткунанда дар ин иҷлос аст. Хонум Клинтун рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи Эн би сӣ гуфт, “ман намедонам, ӯ (Маҳмуди Аҳмадинажод) барои чӣ меояд, зеро ҳадаф аз ин нишаст такрори таъаҳуд ба халъи силоҳ, манъи истифодаи силоҳомез аз энержии ҳастаӣ аст.”
Изҳороти хонум Клинтун дар ҳоле матраҳ мешавад, ки чордаҳ сенотури ҷумҳурихоҳи омрикоӣ ахиран тайи номае ба ӯ, хостори ҷилавгирӣ аз сафари оқои Аҳмадинажод ба Ню Йорк шуданд. Дар ин нома гуфта шуд: “Ин номаъқул аст, ки иҷоза дода шавад, (бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод) талош барои ҷилавгирӣ аз дастёбии давлатҳои ёғӣ ва гурӯҳҳои терруристӣ ба силоҳҳои куштори ҷамъӣ ба тамасхур гирифта шавад.”
Як гурӯҳ аз аъзои ду ҳизби маҷлиси намояндагони Омрико низ гуфтаанд, ин кишвар набояд иҷоза диҳад “як диктотури хатарнок.... барои густариши паёми нафрат ва хушунат” ба ин кишвар ворид шавад. Аммо бар асоси гузоришҳои мунташиршуда Маҳмуди Аҳмадинажод Эронро ба мақсади Ню Йорк тарк кардааст.
Ҳилори Клинун ба шабакаи Эн би сӣ гуфт, агар Эрон барои иҷрои Эн Пи Ти ба ин нишаст меояд, ин “бисёр хабари хубе” буд. Аммо ӯ гуфт, гумон намекунад чунин бошад: “Фикр мекунам онҳо меоянд, то азҳонро мунҳариф ва дар мавзӯъ шубҳаафканӣ кунанд.” Хонум Клинтун Эронро муттаҳам кард, ки муфоди Эн Пи Ти-ро нақз карда ва ба таъаҳуди худ дар қиболи Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ амал накардааст.
Нишасти Ню Йорк дар ҳоле баргузор мешавад, ки Омрико ва муттаҳидонаш дар ҳоли танзими қатъномае барои таҳримҳои бештар алайҳи барномаҳои атомии Эрон ҳастанд. Ӯ гуфт, Омрико ба Эрон “иҷоза” нахоҳад дод, мавзӯъро тағйир диҳад ва талош хоҳад кард бо тасвиби қатъномаи ҷадиде дар Шӯрои амният Теҳронро “мунзавитар” кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2236-q-q.html