ҚАТЪНОМАИ ТАҲРИМИ ЭРОН МУТОБИҚИ МАНОФЕЪИ РУСИЯ АСТ
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, гуфтааст, ки кишвараш мухолифи аҷала дар тасвиби чаҳорумин қатъномаи таҳрими Эрон дар Шӯрои Амният аст. Вай ҳамчунин гуфтааст ин қатънома, ки пешнависаш тадвин шудааст, манофеъи иқтисодии Русия ва Чинро дар назар мегирад. Хабаргузории Фаронса рӯзи ҷумъаи 4 июн аз Маскав ба навқл аз оқои Лавров гузориш дод: "Мо маворидеро, ки ҳадафашон эъмоли таҳримҳои фалаҷкунанда буд, (аз пешнавис) хориҷ кардем ва (ин санад) дар ниҳоят ба таври ихтисосӣ бар ҷилавгирӣ аз густариши таслиҳоти ҳастаӣ мутамаркиз аст.
Эрон иттиҳоми талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад. Ин мақоми Русия таъкид кард, ки аъзои ғайридоими Шӯрои Амният низ бояд фурсати кофӣ барои баррасии пешнависи қатъномае, ки тавассути панҷ узви доими шӯро таҳияи шудааст, дошта бошанд. Туркия, Бразил ва Лубнон аз аъзои ғайридоими Шӯрои Амният ҳастанд, ки то ба ҳол бо таҳрими Эрон мухолифат кардаанд. Пешнависи ин қатънома шомили таҳрими саноеъи нафту гози Эрон намешавад. Бар асоси гузоришҳо, Чин ва Русия бо таҳримҳои "фалаҷкунанда", ки мавриди назари Омрико буд, мухолифат кардаанд.
Аммо Кунгреи Омрико дар назар дорад қонуни таҳрими густардаи Эронро, ки шомили таҳрими таъминкунандагони бензини воридотии Эрон мешавад, дар моҳи июн ва эҳтимолан пас аз тасвиби қатъномаи Шӯрои Аиният тасвиб кунад. Пешнависи қатъномаи Шӯрои Амният илова бар таҳрими таслиҳотии Эрон, бонки марказӣ, хутути киштиронӣ ва шуморе аз ширкатҳо ва мақомҳои Сипоҳи Посдоронро ба феҳристи таҳримҳо изофа мекунад.
Клод Ҳеллер, раиси давраии Шӯрои Амнияти СММ рӯзи чаҳоршанбе аз эҳтимоли тасвиби ин қатънома тайи даҳ рӯзи оянда хабар дод. Оқои Ҳеллер, ки сафири Мекзик дар СММ аст, раёсати Шӯрои Амниятро дар моҳи ҷорӣ ба ӯҳда дорад Ӯ гуфт, ки ҳомиёни ин қатънома хоҳони иқдоми фаврии Шӯрои Амният ва ба раъй гузошта шудани он тайи даҳ рӯзи оянда ҳастанд. Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, бар идомаи ғанисозии урониюм таъкид карда ва дар бораи ташдиди таҳрим алайҳи кишвараш ҳушдор додааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2425-2010-06-05-12-46-52.html