ПЕШНИҲОДИ АҲМАДИНАЖОД БАРОИ МУЗОКИРА БО ОБАМА РАД ШУД
Кохи Сафед бо радди пешниҳоди Маҳмуди Аҳмадинажод барои гуфтугӯ бо Барак Обама, Эронро муттаҳам кард, ки барои музокира дар бораи барномаи атомии ин кишвар ҷиддӣ нест. Роберт Гибс, сухангӯйи Кохи Сафед, сешанбе гуфт давлати Эрон борҳо мавзеъи худро тағйир додааст ва аз фишори таҳримҳои байналмилалӣ бар ин кишвар хабар дод. Дар ин ҳол, оқои Гибс гуфт Амрико ҳамчунон омодаи гуфтугӯ бо Эрон аст. Оқои Гибс, ки дар Вошингтун бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт:
"Мо ҳамеша гуфтаем, ки дар сурати ҷиддӣ будани Эрон ҳозирем пушти мизи музокира бишинем ва дар бораи барномаи атомии ин кишвар музокира кунем. То ба имрӯз ҷиддияте вуҷуд надоштааст."
Оқои Гибс ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон бояд таъаҳҳудоти байналмилалии худ амал кунад ва пешниҳоди оқои Аҳмадинажод барои гуфтугӯ бо ҳамтои Амрикоии худро ношӣ аз фишори таҳримҳои байналмилалӣ донист. Раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе Амрикоро ба ҳадар додани фурсатҳои таърихӣ барои беҳбуди равобити ду кишвар муттаҳам кард.
Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт ҳозир аст дар сафари ояндаи худ ба Нй-Йурк дар болотарин сатҳ ва дар баробари дурбинҳои телевизиюнӣ бо раиси ҷумҳурии Амрико бар сари масоили ҷаҳон гуфтугӯ кунад. Оқои Аҳмадинажод қарор аст моҳи оянда барои ширкат дар иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии Созмони Милали муттаҳид ба Ню-Йурк сафар кунад.
Ҳамзамон Пи Ҷи Кровлӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Амрико, гуфт афзоиши фишорҳои байналмилалӣ бар Эрон боъис шуда ин кишвар барои гуфтугӯ талош кунад. Оқои Кровлӣ гуфт: "Тиҷорат бо Эрон батадриҷ мушкилтар шудааст... ҳазинаи муъомилот барои Эрон болотар рафтааст. Он чи мебинем боъиси дилгармӣ аст."
Амрико дар тозатарин иқдом, теъдоде аз мақомҳои эронӣ ва ширкатҳои муттаҳам ба ҳамкорӣ бо барномаҳои атомӣ ва низомии ин кишварро таҳрим кардаааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2825-2010-08-04-07-08-08.html