РАҲБАРИ МУХОЛИФОНИ ҚИРҒИЗИСТОН БОЗДОШТ ШУД
Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд Урмат Бариктобасов, раҳбари ҷунбиши "Мекеним Қирғизистон" дар наздикии пойтахт боздошт шудааст. Намояндаи ҳукумати интиқолии Қирғизистон гуфтааст шаш тан аз тарафдорони ӯ низ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ боздошт шудаанд. Дар ҳамин ҳол гузориш шуда, ки нерӯҳои амниятии Қирғизистон барои мутафарриқ кардани тазоҳуроти тарафдорони оқои Бариктобасов дар пойтахти ин кишвар ба ҳаво тирандозӣ кардаанд.
Мухолифони давлат, ки дар роҳи сафар ба пойтахт буданд, тавассути мақомот аз идомаи сафар боз дошта шуданд. Пештар ҳудуди 1000 нафар аз тарафдорони оқои Бариктобасов дар хиёбонҳои марказии шаҳри Бишкек роҳпаймоӣ карданд ва дар назди сохтмони порлумон барои эътироз таҷаммуъ карданд.
Онҳо мақомоти ҳукумати интиқолии Қирғизистонро, ки ин кишварро пас аз барканории Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешин дар ҷараёни эътирозоти хушунатомез дар моҳи апрел идора мекунанд, маҳкум карданд. Давлати интиқолии Қирғизистон ба раҳбарии Роза Отунбоева талош дорад қудрати худро дар ин кишвар, ки шоҳиди хушунатҳои қавмии хунбор дар моҳи июн шуд, тақвият кунад.
"Ба нооромӢ иҷоза нахоҳем дод"
Мақомоти Қирғизистон оқои Бариктобасовро муттаҳам ба талош барои барандозии низом дар тазоҳуроти соли 2005 мекунанд. Ин тазоҳурот бо хушунат анҷомида буд. Он замон оқои Бариктобасов Қирғизистонро тарк кард, аммо пас аз барканории Қурбонбек Боқиев ба ин кишвар баргашт. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки тарафдорони ӯ хостори симате дар ҳукумат барои ӯ ва лағви парванда алайҳи ӯ шудаанд.
Рӯёрӯии тарафдорони ӯ бо нерӯҳои пулис дар ҳумаи шаҳри Бишкек пас аз он сурат гирифтааст, ки пулис талош кардааст монеъи идомаи ҳаракати корвони утубусҳои ҳомили тарафдорони оқои Бариктобасов ба маркази пойтахт шавад. Гузориш шуда, ки тазоҳуркунандагон пас аз тирандозии пулис ба ҳаво ва истифода аз гози ашковар мутафарриқ шудаанд. Қувватбек Байболов, вазири умури дохилаи Қирғизистон, ки аз телевизиюни давлатӣ сухан мегуфт, таъкид кард, ки вазъ "таҳти кунтрул аст ва мо ба нооромӣ иҷоза нахоҳем дод."
Ӯ гуфт алайҳи касоне, ки барои ғасби қудрат талош мекунад, шадидан иқдом хоҳад шуд. Оқои Бариктобасов дар интихоботи соли 2005 раёсати ҷумҳурии Қирғизистон яке аз номзадҳо ба ин мақом буд, аммо кумисюни марказии интихобот ӯро аз феҳристи номзадҳо ҳазф кард. Ин кумисюн эълом кард, ки исми Урмат Бариктобасовро ба далели доштани тобеъияти Қазоқистон аз феҳристи номзадҳо бардоштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2835-2010-08-05-19-10-13.html