00:02:56 06-уми Июни 2025 сол

ДАЪВАТИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ БАРОИ КУМАК БА СЕЛЗАДАГОН

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) аз ҷаҳониён хостааст кумак ба селзадагони покистониро суръат бубахшанд. Давлати Покистон мегӯяд ба асари селҳои харобиовар 20 миллиюн нафар дар ин кишвар зарар дидаанд. Бон Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳоли анҷоми сафар дар Покистон аст то бо Осиф Алии Зардорӣ ва Юсуф Ризо Гелонӣ, раиси ҷумҳур ва нахуствазири ин кишвар, ки ҳар ду мавриди интиқоди шадид аз шеваи расидагӣ ба ин буҳрон қарор гирифтаанд, дидору гуфтугӯ кунад.

 

Ӯ дар ин сафар ба манотиқе хоҳад рафт, ки ҷорӣ шудани сел бештарин хисоротро бар ҷо гузоштааст. Оқои Бон барои кумак ба селзадагон дархости кумаки 460 миллиюн дулор карда, аммо ҳушдор дода, ки барои бозсозии манотиқи селзада бояд миллиёрдҳо дулор ҳазина шавад. Ӯ ҳангоми вуруд ба хабарнигорон гуфт, ки аз чомехаи ҷаҳонӣ мехоҳад, ки ба ирсоли кумакҳои хуж ба мардуми Покистон суръат диҳанд.

 

Пештар мақомҳои баландпояи Покистон аз он чӣ кундии ирсоли кумакҳои ҷомеъаи байналмиллалӣ ба қурбониёни сели вайронгари ин кишвар хондаанд, интиқод карда буданд. Замир Акрам, намояндаи доими Покистон дар мақари Созмони Миллал дар Женев ба Бибисӣ гуфта буд, ки ҷомеъаи байналмиллалӣ нисбат ба мизони вайрониҳои ношӣ аз сел огоҳ аст, аммо кумаки кофӣ ба Покистон нарасидааст.

 

Оқои Бон ҳушдор додааст, ки барои бозсозии манотиқи селзада бояд ммиллиёрдҳо дулор ҳазина шавад. Ин бадтарин сел дар чанд даҳаи ахир дар Покистон аст, ки ба гуфтаи оқои Гелонӣ, нахуствазири Покистон теъдоди селзадагон ба 20 миллиюн нафар расидааст. Пештар Созмони Миллали Муттаҳид ин рақамро 14 миллиюн нафар баровард карда буд.

 

Созмони Миллал вуҷуди як бемори мубтало ба вабо дар дараи Свот дар шимоли Покистонро таъйид кардааст. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки шуюъи вабо ҷони ҳазорон нафар дар манотиқи селзадаро ба хатар биандозад. Созмони Миллал гуфтааст, ки барои муқобала бо вабо дар манотиқи селзадаи Покистон фаъолияти густардаеро оғоз кардааст.

 

Мақомҳои Салиби Сурх низ мегӯянд бемориҳои ношӣ аз оби олуда дар байни миллиюнҳо селзада дар ҳоли шуюъи аст ва ҳамакнун сиву шаш мавриди ибтило ба исҳол сабт шудааст. Роберт Зоелик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ аз ин ки сел муҷиби аз байн рафтани маҳсулоти кишоварзии Покистон шуда ибрози нигаронӣ кардааст.

 

Оқои Зоелик, гуфт миллиёрдҳо дулор хисороти кишоварзӣ нишондиҳандаи зарбае аст, ки сел ба иқтисоди Покистон, ки ба шиддат ба кишоварзӣ вобаста аст, ворид кардааст. Наздик ба ҳафдаҳ дарсади хоки Покистон дастхуши сел шуда ва дар иёлатҳои Панҷоб ва Синд хатари боло омадани об ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст. Мақомҳои Покистон ҷашнҳои солгарди истиқлоли ин кишварро, ки қарор буд дирӯз чаҳордаҳуми ут баргузор шавад, лағв кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2897-2010-08-15-18-44-10.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854