ХУРУҶИ ОХИРИН НЕРӮҲОИ “РАЗМИИ” АМРИКО АЗ ИРОҚ
Охирин нерӯҳои “размии” артиши Амрико аз тариқи Кувейт Ироқро тарк кардаанд. Иёлоти Муттаҳида то поёни моҳи августи 2010 ба “амалиёти размӣ” дар Ироқ поён хоҳад дод. Тип (дастаи сарбози)-и чаҳорум аз лашкари дувуми пиёданизоми артиши Амрико охирин воҳиди размӣ буд, ки Ироқро тарк кардааст. Бар асоси гузоришҳо, ҳудуди 4000 нерӯи ин даста савор ба худравҳои зиреҳӣ ва нафарбарҳо ва таҳти пӯшиши ҳавоии Ҷетҳо (ҷангандаҳо) ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин аз марзи Кувейт убур кардаанд.
Бар асоси гузоришҳо, теъдоде аз коркунони луҷистик (муҳосиба ва ҳамлу нақл) ва идораи ин воҳид ҳамчунон дар Ироқ ҳастанд ва то рӯзи панҷшанбе Ироқро тарк хоҳанд кард. Вазорати дифоъи Амрико (Пентогун) ҳанӯз расман поёни “Амалиёти озодии Ироқро” эълом накардааст. Пентогун ҳамла ба Ироқро дар моҳи марти соли 2003, ки ба сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн анҷомид, “Амалиёти озодии Ироқ” ном ниҳода аст.
Амрико то декабри соли 2011 ҳудуди 50 ҳазор нерӯи эҳтиётӣ дар нақши “мушовир” дар Ироқ хоҳад дошт. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 4500 нафари онҳо аз нерӯҳои вижа ва бақия ҷузъи воҳидҳои одӣ ҳастанд ва идомаи омӯзиши нерӯҳои ироқӣ ва кумак ба давлат барои мубориза бо пайкорҷӯён, маъмурияти аслии онҳост. Женерол Стефан Ланза, яке аз сухангӯёни артиши Амрико ба шабакаи Эн-би-сӣ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 56 ҳазор нерӯи Амрикоӣ дар Ироқ ҳастанд, аммо то поёни август ин рақам ба 50 ҳазор нафар хоҳад расид.
Қарор аст, ки аз аввали моҳи сентябр номи маъмурияти нерӯҳои Амрикоӣ аз “Амалиёти озодии Ироқ” ба “Амалиёти уфуқи тоза” тағйир кунад. Ин дар ҳолест, ки як фармондеҳи аршади артиши Ироқ ахиран аз тасмим Амрико барои хуруҷи нерӯҳояш интиқод карда буд. Женерол Бобакер Зеборӣ, раиси ситоди муштараки артиши Ироқ ҳушдор дода буд, ки артиши ин кишвар то даҳ соли оянда ҳам омодагии кунтрули авзоъиро надорад.
Ба гуфтаи ӯ: “Сиёсатмадорон бояд роҳҳои дигаре барои пур кардани ин халоъ пас аз соли 2011 пайдо кунанд... Агар аз ман дар бораи хуруҷи нерӯҳо савол шуда буд, ман ба сиёсатмадорон мегуфтам, ки артиши Амрико бояд то соли 2020, ки артиши Ироқ комилан омода мешавад, дар ин кишвар бимонад.”
Тамоми нерӯҳои Амрикоӣ бар асоси тавофуқе, ки Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида бо давлати Нурӣ Моликӣ имзо кард, бояд то 31 декабри соли 2011 Ироқро тарк кунанд. Филип Кроули, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфтааст, ки аз ин пас ин кишвар бар умури ғайринизомӣ ва диплумотик дар Ироқ тамаркуз хоҳад кард. Ӯ ба телевизиюни Эн-би-сии Амрико гуфт: “Мо ба ҷанги Ироқ поён медиҳем, аммо корамон дар Ироқ тамом нашудааст. Таъаҳҳуди мо нисбат ба Ироқ баландмуддат аст.”
Ҳадди ақал 4400 сарбози Амрикоӣ тайи ҳафт соли гузашта дар Ироқ кушта ва 1000 нафар низ захмӣ ва маълул шуданд. Омори дақиқи талафот ироқиҳо равшан нест, аммо гуфта мешавад, ки даҳҳо ҳазор нафар ғайринизомӣ дар хушунатҳои қавмӣ-мазҳабӣ ва низ ҳамалоти нерӯҳои Амрикоӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2925-2010-08-19-11-43-33.html