13:38:24 02-уми Июни 2025 сол

ДАРГИРИҲО ДАР РУСТОИ РАИСИ ҶУМҲУРИ ЧЕЧЕН

Ба асари даргириҳо миёни муҳофизони раиси ҷумҳури Чечен ва афроди мусаллаҳи мазнун ба шуришиён дастикам 12 нафар шӯришӣ ва 2 нафар маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чечен гуфтааст нерӯҳои муҳофизи ӯ 12 нафарро, ки гумон маравад аз ҷумлаи шӯришиён бошанд, дар наздикии рустои Сенторойи ҷумҳурии Чечен куштаанд. Дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Чечен иттилоъ дода, ки дар асари тирандозиҳо чаҳор соқини ин русто низ кушта шудаанд, ки ду тани онҳо кӯдак будаанд.

 

Тибқи иттилоъи ин манбаъ ду тан аз муҳофизони раиси ҷумҳур низ, ки дар ин даргирӣ маҷрӯҳ шуда буданд, ҷон додаанд.Алӣ Каримов, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Чечен гуфтааст Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чечен дар маҳалли даргирӣ буда ва ҳамлаи нерӯҳои худ ба афроди мусаллаҳро идора мекардааст. Шабакаи аввали телевизиюни давлатии Русия саҳнаҳоеро бо ҳузури оқои Қодиров дар маҳалли даргирӣ намоиш додааст. Вай гуфтааст: "Мо ба онҳо (афроди мусаллаҳ) иҷоза додем, ки вориди русто шаванд, то аз он ҷо дигар натавонанд фарор кунанд."

 

Соли 2009 пулис дар Чечен як ҳамларо, ки эҳтимол меравад аҳадаф аз он куштани оқои Қодиров буд, хунсо кард. Ҷумҳурии Чечен аз ҷумлаи манотиқи ноороми Русия дар Қафқози Шимолӣ аст. Дар таҳаввули дигар дар ҷумҳурии Доғистони Русия, ки ҳаммарз бо ҷумҳурии Чечен аст, дар ду ҳамлаи ҷудогонаи пулис чаҳор марди мусаллаҳи мазнун ба иртибот бо шӯришиёни исломӣ кушта шудаанд.

 

Магомед Тоҳиров, сухангӯи пулиси Доғистон гуфтааст ин мардони мусаллаҳ савори ду худрав буданд, ки дастури таваққуф дар посгоҳи пулисро иҷро накардаанд. Ӯ гуфтааст дар ин ду худрав аслиҳа кашф шудааст. Қафқози Шимолӣ дар ҷануби Русия ҳамарӯза шоҳиди ҳамалоти шӯришиён аст, ки истиқлои ин минтақаро аз Русия ҳадафи худ қарор додаанд. Аммо ҳамалоти ахири ҳафтаи ҷорӣ аз ҷумлаи шадидтарин даргириҳо дар ин минтақаи ноором аст.

 

Рӯзи шанбеи гузашта да асари табодули оташ миёни пулис ва афроде, ки гумон меравад, аз гурӯҳҳои шӯришӣ бошанд, 9 нафари мазнун ба узвият дар гурӯҳои пайкорҷӯ дар ду нуқтаи ҷумҳурии Қабардину Балқар кушта шуданд. Ҳамчунин рӯзи шанбе дар ҷумҳурии Доғистон панҷ фарди мазнун ва ду тан маъмури пулис дар як даргирӣ кушта шуданд.

 

Рамазон Қодиров, ки худ аз ҳамроҳони шӯришиён буд ва алайҳи нерӯҳои Русия дар Чечен меҷангид,мавзеъи худро тағйир дода ва аз ҳомиёни сиёсатҳои Русия дар минтақа шуд. Ӯ соли 2007 бо ҳимояти Русия раиси ҷумҳури Чечен шуд. Баъд аз ба қудрат расидани ӯ фазои ҷумҳурии Чечен ба тадриҷ нисбатан ором шуд.

 

Аммо муҳофизони ҳуқуқи башар мегӯянд ин оромӣ бо баҳои сангин ба даст омадааст, зеро дар даврони раёсати ҷумҳурии оқои Қодиров мавориди нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар мушоҳида шудааст. Дар ин замон мафқудуласари шудани афрод ва қатли афроди мазнин ба узвият дар гурӯҳҳои шӯришӣ ва хешу табори чунин афрод аз сӯи фаъолони ҳуқуқи башар сабт шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2995-2010-08-29-12-59-27.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854