13:51:08 02-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ ПАНҶ НОМЗАДИ ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНӢ ДАР ҲИРОТ

Аҷсоди панҷ нафар аз кормандони ситоди интихоботии яке аз номзадҳои интихоботи порлумонии Афғонистон дар ғарби ин кишвар ёфт шудааст. Ин афрод, ки бо ситоди интихоботии Фавзия Гелонӣ, аз номзадҳои интихоботи порлумонӣ дар Ҳирот кор мекарданд, ҳафтаи гузашта аз суи афроди номаълум дар вудусволии Адраскани ин вилоят рабуда шуданд. Хонуми Гелонӣ дар тамос бо Би-би-сӣ пайдо шудани аҷсоди кормандони ситоди интихоботии худро таъйид кардааст.

 

То ҳоло ҳеҷ гурӯҳе масъулияти куштани ин афродро бар уҳда нагирифта, аммо ҳафтаи пеш Толибон таъйид карда буданд, ки ин афродро онҳо рабудаанд. Хонуми Гелонӣ пештар аз ин иддаъо карда бул, ки даҳ нафар аз кормандони ситоди интихоботии ӯ рабуда шудаанд, аммо Толибон танҳо рабудани панҷ нафарро пазируфтанд.

 

Як мақоми маҳаллӣ дар Ҳирот гуфт, ки аҷсоди ин афрод дар даруни як махруба дар як минтақаи дуруфтода дар вулусволии Адраскан ёфт шудааст. Вулусволи Адраскан мегӯяд нишонаҳои гулӯла дар бадани ин афрод дида мешавад. Хонуми Гелонӣ дар маҷлиси аввали Афғонистон низ ба унвони намояндаи Ҳирот ҳузур дошт ва ҳоло барои бори дуввум худро номзади интихобот кардааст.

 

Ҳамалоти Толибон

Ҳамзамон бо ин ҳодиса афроди мусаллаҳ яке аз номзадҳои интихоботи порлумонии Афғонистонро низ дар вулусволии Шинданди вилояти Ҳирот ба зарби гулула аз по даровардаанд. Абдулмалики Ҳошимӣ шаби чаҳоршанбе дар наздикии як масҷид дар вулусволии Шинданд мавриди ҳамла қарор гирифт ва Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтанд.

 

Гурӯҳи Толибон пеш аз ин ҳам бо баргузории интихобот дар Афғонистон мухолифат карда ва онро барномаи Омрико донистаанд. Афроди ин гурӯҳ дар ҳафтаи ахир дар чандин маврид ба кормандони интихоботӣ ва номзадҳои интихобот ҳамла кардаанд.

 

Ҳафтаи гузашта Толибон худраве ҳомили Абдулҳодии Ҷамшедӣ, аз номзадҳои интихоботи плрлумонии Афғонистонро мавриди ҳамла қарор доданд. Дар ин ҳамла ба оқои Ҷамшедӣ осебе нарасид, аммо бародари ӯ кушта шуда ва се муҳофизи амниятиаш захмӣ шуданд.

 

Камтар аз як моҳ ба бургузории интихоботи порлумонии Афғонистон боқӣ монда ва идомаи ноамниҳо таҳдиди аслӣ дар баробари ин интихобот дониста мешавад. Мақомот мегӯянд ҳудуди нуҳсад маркази интихоботӣ дар саросари Афғонистон ба далоили амниятӣ таътил шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2996-2010-08-29-17-50-20.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854