21:01:42 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/18_karzai_vote_ap_147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/18_karzai_vote_ap_147'

ИНТИХОБОТИ АФҒОНИСТОН ДАР МИЁНИ ҲАМАЛОТИ ТОЛИБОН

Аз соъати ҳафти субҳ ба вақти маҳаллӣ, марокизи раъйдиҳӣ дар саросари Афғонстон боз шудааст. Қарор аст мардуми ин кишвар дар дувумин интихоботи порлумонӣ, намояндагони маҷлиси ин кишварро барои панҷ соли дигар интихоб кунанд. Ҳудуди 12 милюн нафар воҷиди раъйдиҳӣ ҳастанд, аммо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мегӯяд, агар панҷ то ҳафт милюн нафар дар интихобот ширкат кунанд, як муваффақият пиндошта хоҳад шуд.

 

Дар ду моҳи гузашта ҳудуди 2500 нафар барои роҳ ёфтан ба маҷлис бо ҳам рақобат карданд. Маҷлиси намояндагони Афғонситон 249 курсӣ дорад, ки ҳадди ақал 25 дарсади он ихтисоси занон аст. Албатта занон метавонанд дар рақобати озод теъдоди курсиҳои худро афзоиш диҳанд, аммо 25 дарсади курсиҳо барои онҳо ихтисос дода шудааст ва теъдоди курсиҳои ихтисосӣ дар ҳар вилоят низ мушаххас аст. Интизор меравад наздик ба 6000 маркази райъдиҳӣ дар 34 вилояти Афғонистон аз соъати ҳафти субҳ то чаҳори баъд аз зуҳр боз бошад.

 

Ҳамалоти рокетӢ

Нигарониҳои амниятӣ дар остонаи интихобот густарда аст. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, барои таъмини амнияти ин интихобот ҳудуди 280 ҳазор сарбози артиш ва пулис дар саросари кишвар фаъол ҳастанд ва дар сурати ниёз аз ҳимояти 150 ҳазор сарбози байналмилалии мустақар дар ин кишвар низ бархурдор хоҳанд буд.

 

Аммо бо ин ҳама, чандин соъат қабл аз гушоиши марокизи раъйдиҳӣ, Кобул, пойтахти Афғонистон ҳадафи партоби чанд рокет қарор гирифт, аммо гузориш аз талафоти ношӣ аз ин ҳамалот мунташир нашудааст. Ҳамалоти рокетӣ ба шаҳри Ҷалолобод, дар Шарқи Афғонистон низ сурат гирифт, аммо бар асоси гузоришҳо, талафоте дар пай надоштааст.

 

Бим ва умеди раъйдиҳангдагон

Бо ин ҳол шуморе аз раъйдиҳандагон субҳи зуд дар марокизи раъйдиҳӣ ҳузур ёфта ва ба номзадҳои мавриди алоқаи худ раъй доданд. Дар ҳоле ки таҳдидҳои густардаи амниятӣ сари роҳи баргузории интихобот ва рафтани мардум ба пойи сандуқҳои раъй вуҷуд дорад, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи ҷумъа шаҳрвандони кишварашро ба ширкат дар интихобот ташвиқ кард.

 

Оқои Карзай дар конфаронси хабарии рӯзи гузаштаи худ гуфт: “Интихоботи фардо бисёр муҳим аст. Умедвор ҳастам, ки ҳама мардуми мо дар ҳар гӯшаи кишвар, дар ҳар русто ба марокизи интихоботӣ рафта ва ба номзади мавриди алоқаи худ раъй бидиҳад.”

 

Аммо Толибон ба мардум ҳушдор додаанд, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ кунанд. Ин гурӯҳ дар остонаи баргузории интихоботи порлумонии Афғонистон ду нафар аз номзадҳои интихобот ва ҳадди ақал ҳаждаҳ нафар аз кормандони Кумиссюни интихобот ва ё кормандони ситодҳои интихоботиро рабудаанд.

 

Нигаронии дигаре, ки сари роҳи интихоботи Афғонистон вуҷуд дорад, эҳтимоли адами шаффофияти он аст. Оқои Карзай рӯзи ҷумъа пазируфт, ки эҳтимол тақаллуб дар интихоботи порлумонии Афғонистон таҳти шароити кунунӣ вуҷуд дорад. Ӯ гуфт: “Таҳти шароити мавҷуд, бояд интизор дошта бошем, мушкилот ва иддаъоҳо (дар мавриди тақаллуб) вуҷуд хоҳад дошт.”

 

Ҳафтаи гузашта мақомоти Кумиссюни интихоботи Афғонистон эълом карданд, ки ҳудуди 3000 баргаи раъйдиҳии ҷаълиро дар вилоёти ғарбӣ ба даст овардаанд. Аммо мақомот таъкид карданд, ки истифода аз ин баргаҳо дар интихобот номумкин хоҳад буд, чун ба гуфтаи онҳо баргаҳои раъйдиҳии воқеъӣ дорои шумораҳо ва кудҳои мушаххас буда ва аз баргаҳои ҷаълӣ фарқ мекунанд. Интизор меравад натоиҷи ибтидоии интихоботи порлумонии Афғонистон ба таърихи 22 сентябр ва натоиҷи ниҳоии он дар тарихи 31 октябр эълом шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3149-2010-09-18-16-26-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ