02:03:19 01-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/22_iran_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/22_iran_2147'

ИНФИҶОРИ МАРГБОР ДАР МАҲОБОД

Мақомоти эронӣ мегӯянд, ки дар ҷараёни инфиҷори як бумб дар ҳошияи маросими роҳпаймоии низомии нерӯҳои мусаллаҳ дар шаҳри Маҳобод дастикам нуҳ нафар кушта ва 30 нафар маҷруҳ шудаанд. Ба гузориши хабаргузории расмии давлати Эрон, Ваҳид Ҷалолзода, устондори устони Озарбойҷони Ғарбӣ гуфт, ки ин "инфиҷори теруристӣ" субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 22 сентябр, рӯй дода ва "тақрибан ҳама маҷруҳон ва шаҳидони ҳодиса" занон ва кӯдакон будаанд.

 

Оқои Ҷалолзода гуфт: "Авомили зидди инқилоб бо ҳадафи интиқомгирӣ аз мардум ҳамеша дар саҳнаи Маҳобод даст ба ин амали душманона заданд."

 

Ӯ гуфт, ки ҳадафи инфиҷор "дилсард кардани мардуми Маҳобод" будааст. Оқои Ҷалолзода ҳамчунин дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Меҳр" гуфтааст, ки ба нерӯҳои низомии ҳозир дар маросим осебе нарасидааст.

 

Фахралии Некбахт, мудири кулли сиёсӣ ва интизомии устондории Озарбойҷони Ғарбӣ, ҳам ба хабаргузории "Форс" гуфтааст: "Масъулони иттилоъотии устон иқдомоти худро барои ёфтани гурӯҳаки муътариз оғоз кардаанд, вале ҳанӯз дар ин иртибот иттилоъи мувассақе дар даст нест."

 

Сухангӯйи Созмони ҳуқуқи башари Курдистон ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки ин инфиҷор дар пайи даргириҳои мусаллаҳонаи чанд рӯзи ахир дар шаҳри Сақз, дар наздикии Маҳобод рӯй дода, аммо ҳанӯз ҳеҷ шахс ё гурӯҳе масъулияти инфиҷори имрӯз ё даргириҳои рӯзҳои гузаштаи Сақзро ба уҳда нагирифтааст.

 

Масъуди Курдпур, рӯзноманигори сокини Маҳобод ҳам ба Би-би-сӣ гуфт, ки гуфта мешавад чанд маъмури интизомӣ ва як кӯдак ҳам дар ҷараёни даргириҳои ахири шаҳри Сақз кушта шудаанд. Ӯ вазъияти феълии шаҳри Маҳободро "муиашанниҷ" ва "амниятӣ" тавсиф кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3183-2010-09-22-12-32-45.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ