02:34:13 01-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/28_titanic_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/28_titanic_2147'

АСРОРИ ҲАЛОКАТИ «ТИТАНИК» КАШФ ШУД

Билохира сабаби рух додани бузургтарин фалокати баҳрии асри 20 айён гардид. Дар ин бора набераи ёрдамчии капитани бузургтарин киштии уқёнусгарди аввал асри 20 «Титаник» Чарлз Лайтолер хабар додааст. Бону Луиза Паттен дар китоби наваш «Ба қиммати тило» фарзияи нави ҳалокати ин киштиро пешниҳод кардааст, ки шояд он аз ин ба баъд ба таври расмӣ қабул гардад. Ба қавли ин нависанда «Титаник» на аз он сабаб ғарқ гардидааст, ки суръаташ тез буда фурсат надоштааст, ки аз бархӯрд бо кӯҳи ях ҷилавгирӣ намояд.

 

Барои ин кор вақти зиёде дар ихтиёри киштиронон будааст. Вале мутаассифона, нохудо саросема шуда чанбарро ба ҷои ба тарафи бехавф гардондан ба самти кӯҳи ях мегардонад, ки дар натиҷаи зарба  киштӣ сурох мешавад ва баъдан ғарқ мегардад. Бо вуҷуди ин мусофирон ва экипажи киштиро ҳатто баъди бархӯрд бо кӯҳи ях наҷот додан мумкин буд, агар киштӣ ҳаракаташро  ҳамон замон қатъ мекард. Киштии надиктарин ҳамагӣ чанд мил аз «Титаник» дуртар шино мекард. Соҳиби ширкате, ки ин киштии бузург моли он ҳисоб мешуд, аз ба хотири зиёни моддӣ надидан, капитани киштӣ Ҷон Смитро бовар мекунонад, ки ҳаракаташро идома диҳад.

 

Албатта ӯ низ ҳалокати «Титаник»-ро намехост, вале кӯтаҳназарии ӯ ба ин фоҷиа оварда расонд. Суръати воридшавии об ба киштӣ хеле тез будааст, ки дар зарфи чанд дақиқа он ба қаръи уқёнус меравад. Тибқи фарзияҳои пештара ҷараёни ғарқшавии «Титаник» чанд соатро дар бар гирифтааст. Дар бораи сабабҳои  аслии ғарқшавии ин киштии бузург Лайтоллер танҳо ба хешу ақрабои худ гуфтаасту халос. Бону Паттен мегӯяд, ки бобояш намехостааст, ки ҳақиқати ҳалокати «Титаник» дастраси матбуот гардад.

 

Зеро ӯ аз коҳиш ёфтани обрӯяш метарсидааст. Ҳамин мавқеъро ҳам бибӣ ва ҳам модари бону Паттен ишғол карда буданд. Бону Паттен, ки яке аз нависандагони маъруфи англис ба ҳисоб меравад, мегӯяд, ки «хешу ақрабои ман барвақт ин ҷаҳонро тарк гуфтаанд ва ман фаҳмидам, ки акнун ягона инсоне ҳастам, ки ин ҳақиқатро медонам ва бояд ин розро ифшо намоям».

 

Ёдрас мешавем, ки «Титаник» бузургтарин киштии мусофиркаши баҳрӣ 15-уми апрели соли 1912 дар натиҷаи бо бархӯрдан ба кӯҳи ях дар уқёнуси Атлантик ғарқ мегардад. Дар ин фалокат аз 1550 мусофир танҳо 708 нафарашон ҷон ба саломат бурдаанд.

 

Таҳияи Султони Ҳамад бо истифода аз маводҳои интернетӣ.

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3227---lr--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ