01:55:46 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/30_clinton_2147_2'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/30_clinton_2147_2'

АМРИКО ҲАШТ МАҚОМИ ЭРОНИРО ТАҲРИМ КАРД

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Амрико, дар чаҳорчӯби иҷрои таҳримҳое, ки Конгресс чанд моҳ пеш алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ тасвиб кард, бо судури фармоне асомии ҳашт мақоми низомӣ, интизомӣ ва давлатии Эронро ба феҳристи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида изофа кардааст. Ин ҳашт нафар ба даст доштан дар "нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ва озори мардуми Эрон" дар ҷараёни вақоеъи пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузашта (хурдоди 1388) муттаҳам шудаанд. Давлати Эрон иттиҳоми тақаллуб дар он интихоботро рад мекунад ва таъкид дорад, ки дар ҷараёни нооромиҳо бо "иғтишошгарон" бархурди қонунӣ доштааст.

 

Мақомҳое, ки таҳрим шудаанд иборатанд аз:

    * Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ (фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон)

    * Содиқ Маҳсулӣ (вазири рифоҳи феълӣ ва вазири собиқи кишвар)

    * Ғуломҳусайн Муҳсинӣ Ижаӣ (додситони кулли кишвар ва вазири собиқи иттилоъот)

    * Саъид Муртазавӣ (додситони собиқи Теҳрон)

    * Ҳайдар Муслиҳӣ (вазири иттилоъот)

    * Мустафо Муҳаммад Наҷҷор (вазири кишвар ва фармондеҳи кулли қавво дар нерӯи интизомӣ

    * Аҳмадризо Родон (ҷонишини фармондеҳи кулли нерӯи интизомӣ)

    * Ҳусейни Тойиб (муъовини иттилоъоти Сипоҳи посдорон ва фармондеҳи собиқи нерӯи басеҷ)

 

Ишора ба суханони Аҳмадинажод

Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки давлати Амрико ҳамвора дар канори касоне меистанд, ки дар Эрон "хоҳони шунида шудани ҳарфҳояшон ҳастанд" ва таъкид кард, ки бо исрор аз давлати Эрон мехоҳад, ки ҳуқуқи ин мардумро риъоят кунад. Ин нахустин бор аст, ки Амрико ба иттиҳоми нақзи ҳуқуи башар таҳримҳои вижаеро алайҳи ашхоси хориҷӣ эъмол мекунад.

 

Давлати Борко Убомо дар авосити моҳи июн фармондеҳи кулли Сипоҳи посдоронро дар иртибот бо барномаи атомии Эрон таҳрим карда буд. Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Амрико ва Тимутей Гойтнер, вазири дороии Амрико, чаҳоршанбе (29 сентябр) дар як конфронси матбуъотӣ дар Вошингтун дар мавриди тасмими ҷадиди давлати Амрико тавзеъ доданд.

 

Хонум Клинтун гуфт: "Шаҳрвандони эронӣ таҳти назорат ё фармондеҳии ин афрод беҷиҳат боздошт шуданд, кутак хӯрданд, мавриди шиканҷа ва таҷовуз қарор гирифтанд, таҳдид ва ҳатто кушта шуданд."

 

Аммо вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки он эъмол бо "иддаъоҳое, ки ахиран дар Созмони Милали Муттаҳид матраҳ шуда, мабнӣ бар ин ки эрониҳо аз озодии баён бархӯрдоранд ва ҳеҷ кас дар Эрон ба далоили сиёсӣ дар зиндон нест" таноқуз дорад. Ба назар мерасад ишораи хонум Клинтун ба суханони Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон дар сафари ахираш ба Ню-Йурк бошад. Вазорати дороии Амрико эълом кардааст, ки афроди таҳримшуда шомили маҳдудиятҳои мусофиратӣ ва баста шудани дороиҳо мешаванд.

 

Иҷрои мусаввабаи Кунгра

Таҳрими мақомҳои мазкур дар ростои иҷрои қонун таҳрими густардае, ки Конгресс дар моҳи июн алайҳи Эрон вазъ карда буд, анҷом шудааст. Қонунгузорони Амрикоӣ дар банди 105-и он қонун раиси ҷумҳурии Амрикоро муваззаф кардаанд, ки ҳадди аксар зарфи навад рӯз тайи гузорише асомии мақомҳо ё афроде дар Эронро, ки масъули судури дастур, иҷро ё ҳидояти иқдомоте дар "нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар" пас аз вақоеъи интихоботи соли гузаштаи Эрон будаанд, ки ба огоҳии Конгресс бирасонад ва дар ин замина, ба гурӯҳи Ансори "Ҳизбуллоҳ" ва басеҷ ишора карданд.

 

Бар асоси мусаввабаи онҳо гузориши раиси ҷумҳурӣ дар ин замина бояд дар вебсойти вазорати умури хориҷа ва вазорати хазонадории Амрико мунташир ва асомии афроди мундариҷ дар ин гузориш ба феҳристи ашхоси таҳти таҳрим изофа шавад. Бахши марбут ба ҳуқуқи башари қонуни таҳрими Эрон бо талоши мустақими шуморе аз аъзои аршади Конгресс аз ҷумла сенотури ҷумҳурихоҳ Ҷон Мак Кейн ва сенотури демукроти мустақил Ҷу Либерман ба мусавваба изофа шуда буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3250-2010-09-30-14-06-24.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ