18:39:02 01-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТҲО ДАР ИРТИБОТ БА ИНФИҶОРҲОИ ЧОБАҲОР

вокунишҳои Амрико, Бритониё ва Фаронса

Хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, ба нақл аз як "масъули огоҳ дар идораии кулли иттилоъоти Сиистон ва Балучистон" аз боздошти яке аз авомили бумбгузориҳои интиҳории Чобаҳор дар ҳангоми хуруҷ аз марзи Эрон хабар додааст. Ҳамзамон давлатҳои Амрико, Бритониё ва Фаронса ин инфиҷорҳоро маҳкум кардаанд.

 

sp_iran_bombaБино ба гузориши ИРНО аз ин фард "миқдоре таҷҳизоти низомӣ ба ҳамроҳи аснод ва мадорики муртабит" кашф ва забт шудааст. Хабаргузории давлатии Эрон ба нақл аз ин масъули иттилоъотӣ аз вуруди "се нафар омили терурист" аз марзи як кишвари ҳамсоя ба Эрон хабар дода, ки қасд доштаанд "амалиёти ҷудогона" дар ҷануб-шарқи Эрон анҷом диҳанд. Бинобар хабари ИРНО яке аз ин афрод тайи даргирӣ бо маъмурони амниятӣ кушта шуда ва як нафари дигар амалиёти бумбгузорӣ дар Чобаҳорро анҷом додааст.

 

Ба гуфтаи масъули иттилоъотии устони Сиистон ва Балучистон, фарди севум рӯзи чаҳоршанбе, 15 декабр, ҳангоми хуруҷ аз Эрон дастгир шудааст. Пеш аз ин устондори Сиистон ва Балучистон гуфта буд яке аз "авомили ҳодисаи теруристӣ" пеш аз иқдом барои инфиҷори дувум кушта шудааст.

 

Ин дар ҳоле аст, ки Алӣ Абдуллоҳӣ, муъовини амниятии вазорати кишвари Эрон, пештар аз вуқӯъи ду инфиҷор байни соъати 10 то 10.30 дақиқаи субҳ дар шаҳри Чобаҳор ва дар фосилаи кӯтоҳе аз якдигар дар як дастаи азодории рӯзи тосуъо хабар дода буд.

 

Бино бар гузоришҳо ,то кунун 39 нафар дар асари инфиҷорҳои интиҳории Чобаҳор кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи муъовини иҷтимоъӣ ва интизомии Сиистон ва Балучистон 4 нафар аз аъзои нерӯи интизомӣ ҳам дар миёни кушташудагон ҳастанд.

 

Ҳамалоти интиҳории Чобаҳор дар як нигоҳ

    * То кунун 39 нафар дар асари инфиҷорҳои интиҳорӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

    * Мақомҳои иттилоъотӣ ва амниятии Эрон аз кушта шудани як нафар дар иртибот бо ин ҳаводис, пеш аз инфиҷорҳо ва дастгирии як нафари дигар ҳангоми хуруҷ аз марзи Эрон

    * Гурӯҳи Ҷундуллоҳ дар тамос бо шабакаи Аларабия масъулияти инфиҷорҳоро бар уҳда гирифтааст.

    * Мақомҳои Эрон Амрико ва Исроилро масъули ин ҳаводис медонанд.

    * Давлати Бритониё ин ҳамалотро башиддат маҳкум кардааст.

 

Масъулияти инфиҷорҳо

Гурӯҳи "Ҷунбиши муқовимати мардумии Эрон", Ҷундуллоҳ, дар сойти интернетии худ тайи баёнияе масъулияти инфиҷорҳои интиҳории Чобаҳорро бар уҳда гирифтааст ва акси ду нафарро ба унвони бубгузорони интиҳории ин ҳаводис мунташир кардааст.

 

Бархе мақомҳои давлатии Эрон монанди амалиёти мушобеҳ дар гузашта созмонҳои иттилоъотии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрикоро ба даст доштан дар ин амалиёт муттаҳам кардаанд. Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, ҳадаф аз бумбгузориҳои Чобаҳорро "ихтилофафканӣ миёни шиъа ва суннӣ" дониста ва гуфта "ин рафторҳо танҳо аз режими саҳюнистӣ ва Амрико бармеояд."

 

Алӣ Абдуллоҳӣ, муъовини вазири кишвари Эрон дар бораи масъулияти ин инфиҷорҳо ба хабаргузории ИРНО гуфт: "Таҷҳизот ва имконоти пуштибонии омилони ҳодисаи теруристӣ баёнгари он аст, ки ин авомил тавассути сервисҳои пешрафтаи иттилоъотии минтақа ва Амрико ҳимоят шудаанд."

 

Устони Сиистон ва Балучистон дар солҳои ахир шоҳиди иқдомоти хушунатомезе монанди бумбгузорӣ, ҳамла ба маъмурони давлатӣ, гаравгонгирӣ ва дар мавориде куштани гаравгонҳо бқуда, ки умдатан ба гурӯҳи Ҷундуллоҳ нисбат дода шудааст.

 

Вокунишҳои хориҷӢ

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Амрико қавиан ин инфиҷорҳоро ба унвони "ҳамалоте теруристӣ, ки мояи инзиҷор аст" маҳкум кард. Ӯ навишт: "қатли ғайринизомиёни бегуноҳ дар ибодатгоҳашон дар ҷараёни Ошуро як амали зишт аст ва касоне, ки даст ба он задаанд бояд посухгӯ шинохта шаванд. Ин амале шармовар ва буздилона аст."

 

Оқои Убомо гуфт, ки Амрико терурисмро дар ҳар куҷо, ки иттифоқ биафтад, маҳкум мекунад. Ӯ гуфт: "Амрико дар пайи ин беадолатӣ, бо хонаводаҳо ва азизони куштаҳо, захмиҳо ва мардуми Эрон ҳамдардӣ мекунад."

 

Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Амрико, низ инфиҷорҳо дар шаҳри Чобаҳорро маҳкум кардааст. Хонум Клинтун бо интишори баёнияе гуфтааст, ки вай ба намояндагӣ аз мардуми Амрико маротиби таслияташро ба хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса иброз медорад. Пештар низ давлати Бритониё инфиҷорҳои Чобаҳорро башиддат маҳкум кард.

 

Дар баёнияи Олистр Берт, муъовини вазири хориҷаи Бритониё дар мури Ховари Миёна ва Офриқо, омадааст: "Ман аз шунидани хабари ваҳшатноки бумбгузорӣ дар миёни азодорони Ошуро дар шаҳри Чобаҳор бисёр нороҳат шудам. Давлати Бритониё ин амалиёти хушунатомезро башиддат маҳкум мекунад. Мо аз терурисм дар ҳар шакли мумкин ибрози инзиҷор мекунем."

 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Вазорати хориҷаи Фаронса низ ин ҳамалотро маҳкум кард. Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Фаронса маротиби ҳамдардии кишварашро пас аз ин "амали теруристӣ бавижа зананда, ки як ибодатгоҳро дар ҷараёни маросими Ошуро ҳадаф мегирифт ва Эронро дар ғам фурӯ бурд," иброз дошт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3889-2010-12-16-06-58-25.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ