08:21:31 02-уми Июли 2025 сол

ТАЛОШИ НАХУСТВАЗИРИ ПОКИСТОН БАРОИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ СУҚУТИ ДАВЛАТ

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон гуфтугӯҳои изтирорӣ бо раҳбарони аҳзоби мухолифро шуруъ кардааст. Ин гуфтугӯҳо пас аз хуруҷи яке аз аҳзоби аслӣ аз давлати эътилофӣ ва ба хатар уфтодани бақои давлати оқои Гелонӣ сурат мегирад.

 

Юсуф Ризо ГелониБо канорагирии ҳизби Ҷамоъати Муттаҳидаи Қавмӣ, ки пойгоҳаш Карочӣ маркази Иёлати Синд аст, давлати оқои Гелонӣ аксарияти порлумонии худро аз даст додааст. Ин таҳаввул сабаб шуда, ки давлати кунунӣ ба шиддат заъиф шуда ва аз эҳтимоли суқути он ибрози нигаронӣ шавад. Ҷамоъати Муттаҳидаи Қавмӣ аз амалкарди давлати оқои Гелонӣ ба хусус дар мубориза бо фасод ва бархурд бо мушкилоти иқтисодӣ интиқод кардааст.

 

Шаҳбоз Шариф, вазири аъзами Иёлати Панҷоб, ки бародари Навоз Шариф, раҳбари мухолифон аст, аз аввалин шахсиятҳое аст, ки оқои Гелонӣ бо ӯ музокира кардааст. Осиф Алии Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон аз давлати оқои Гелонӣ ҳимоят кардааст ва гуфтааст ба ӯ эътимоди комил дорад.

 

Чунончи оқои Гелонӣ битавонад шарики тозае барои давлати эътилофии худ пайдо кунад, мумкин аст интихоботаш зудтар аз мавъид баргузор шавад. Ҷамоъати Муттаҳидаи Қавмӣ дуввумин ҳизби бузурге аст, ки аз давлати эътилофӣ канор рафта ва ду вазири худро аз кобинаи федерол хориҷ кардааст. Моҳи гузашта Ҷамъияти Уламои Ислом, ки ҳизби кучактар дар давлати оқои Гелонӣ буд, аз давлати эътилофӣ хориҷ шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4046-2011-01-04-04-57-39.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ