07:58:24 02-уми Июли 2025 сол

"ДАЪВАТИ" ЭРОН АЗ САФИРОН БАРОИ БОЗДИД АЗ ТАЪСИСОТИ АТОМӢ

Эрон аз сафирони чанд кишвари узви Ожонси энержии атомӣ дар Виен даъват кардааст аз таъсисоти атомии он дидор кунанд. Ба гузориши хабаргузориҳои байналмилалӣ, Эрон тайи номае сафирони Русия, Чин, Иттиҳодияи Урупо ва чанд кишвари араб ва дар ҳоли тавсеъаро даъват кардааст.

 

iran_nuclearГуфта мешавад Алиасғар Султония , намояндаи Эрон дар Ожонс, дар ин нома рӯзҳои 15 ва 16 январро барои ин боздид, ки ба гуфтаи ӯ шомили мулоқот бо "мақомҳои бисёр олирутба" низ мешавад, пешниҳод кардааст. Ин даъватнома дар остонаи нишасти баъдии атомии Эрон бо кишварҳои Гурӯҳи 5+1, ки қарор аст авохири январ дар Истонбули Туркия баргузор шавад, ирсол шудааст. Ҳадаф аз иҷлоси Истонбул баррасии роҳҳое барои шикасти бунбасти музокироти атомии Эрон аст.

 

Шӯрои Амният аз Эрон хостааст ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад, аммо ин кишвар мегӯяд ғанисозиро ҳаққи қонунии худ медонад ва ҳаргиз аз он даст нахоҳад кашид. Бархе таҳлилгарон мегӯянд Эрон умедвор аст бо овардани сафирони хориҷӣ ба таъсисоти атомии худ нигарониҳои байналмилалиро коҳиш диҳад ва байни кишварҳои ғарбӣ ва кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар ин замина шикофи бештаре эҷод кунад.

 

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд Эрон ба дунболи дастёбӣ ба силоҳи атомӣ аст, аммо Теҳрон мегӯяд ҳадафе ҷуз истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ надорад ва силоҳи атомӣ асосан дар дуктрини амниятии ин кишвар таъриф нашудааст. Ба гузориши хабаргузории "Осушиэйтед пресс" номаи чаҳорпараграфии Эрон ба таърихи 27 декабр ҳовии ҷузъиёте дар бораи ин ки чи сойтҳое метавонанд мавриди боздид қарор гиранд, нест.

 

Аммо ин нома хотирнишон карда, ки Эрон куллия ҳазинаҳои ин сафарро таъмин хоҳад кард. Як диплумоти хориҷӣ ба "Осушиэйтед пресс" гуфтааст ин нома ба Русия, Чин, Миср, бархе кишварҳои узви ҷунбиши ғайримуттаҳидҳо, Кубо, баъзе кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб ва Маҷористон, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Урупоро бар уҳда дорад, ирсол шудааст. Гуфта мешавад Омрико ҷузъи даъватшудагон нест.

 

Ин диплумот афзуда таъсисоти атомии Бушеҳр ва Натанз ҷузъиёти сойтҳое ҳастанд, ки Эрон мехоҳад мавриди боздиди сафирони ин кишварҳои узви Ожонс қарор гирад ва бо Алиакбар Солеҳӣ, сарпарасти вазорати хориҷа ва Саъид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ мулоқот хоҳад шуд. Сафирони даъватшуда машғули ройзанӣ бо пойтахтҳои худ ҳастанд ва ҳанӯз маълум нест чи кишварҳое ба ин даъват посух додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4051-qq--------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ