АЛИРИЗО ПАҲЛАВӢ ХУДКУШӢ КАРД
Алиризо Паҳлавӣ, дувумин фарзанди писари Муҳаммадризо Паҳлавӣ, охирин шоҳи Эрон, субҳи рӯзи сешанбе, 4 январ, дар хонаи худ дар Бустун дар асари худкушӣ даргузашт. Дар баёнияе, ки хонаводаи Паҳлавӣ дар вебсойти расмии Ризо Паҳлавӣ, валиъаҳди собиқи Эрон ва бародари бузургтари ӯ мунташир кардаанд, омадааст: "Алиризо Паҳлавӣ ҳамчун милюнҳо ҷавони эронӣ, аз он чи ки ба нораво бар меҳани азизаш мегузашт, сахт озурда ва ғамгин буд."
Дар идомаи ин баёния омадааст, ки Алиризо Паҳлавӣ "дар субҳгоҳи чаҳоруми январ дар манзили маскунии худ дар шаҳри Бустуни Омрико ба зиндагии худ хотима дод ва ҳамаи хонавода ва дӯстдоронашро дар ғаме амиқ фурӯ бурд." Ба гузориши хабаргузории "Оссушиэйтед пресс" пулиси Бустун гуфт, ки баъд аз соъати дуи субҳ ба вақти маҳаллӣ дар рӯзи сешанбе, ҷасади мардеро дар хонае дар маҳаллаи "Сот энд" пайдо кард, ки худро ба зарби гулӯла кушта буд.
Пулис ҳувияти ин мардро таъйид накард, аммо як мақом, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ки ҷасад мутаъаллиқ ба Алиризо Паҳлавӣ аст. Дар баёнияи вебсойти Ризо Паҳлавӣ омадааст, ки "хотираи дардноки марги падар ва хоҳари азизаш" ҳаргиз Алиризо Паҳлавиро раҳо накарда буд. Наздикони хонаводаи Паҳлавӣ гуфтаанд, ки Алиризо Паҳлавӣ дар пайи марги хоҳараш Лайло дучори афсурдагии шадиде шуда буд ва ҳаргиз аз он раҳоӣ наёфт.
Алиризо Паҳлавӣ севумин фарзанди охирини шоҳи Эрон ва Фараҳ Паҳлавӣ, мутаваллиди соли 1345 (1966) буд. Ба навиштаи вебсойти Фараҳ Паҳлавӣ, Алиризо дар Теҳрон мутаваллид шуд. Ӯ, ки дар ҷараёни инқилоб ҳамроҳи хонаводааш маҷбур ба тарки Эрон шуда буд, таҳсилоти дабиристониро дар иёлати Мосочусти Омрико ба поён бурд.
Ардашери Зоҳидӣ, домоди собиқи шоҳи Эрон ва аз наздикони хонаводаи Паҳлавӣ, дар мусоҳиба бо Би-би-сии форсӣ гуфт: "Алиризо Паҳлавӣ таҳсилоти бисёр олие дошт, ба мусиқии клосик бениҳоят алоқаманд буд."
Алиризо Паҳлавӣ дар соли 1992 дар риштаи мутолеъоти Эрони бостон аз донишгоҳи Куламбиё фавқулисонс гирифт ва дар риштаи эроншиносӣ ва фалсафа дар донишгоҳи Ҳорворд ба мутолеъа пардохт. Сухангӯйи донишгоҳи Ҳорворд сешанбе гуфт, ки оқои Паҳлавӣ дар ҳангоми марг машғули таҳсил дар ин донишгоҳ набуд.
Лайло Паҳлавӣ, охирин фарзанди Муҳаммадризо Паҳлавӣ дар соли 1380 дар синни 31-солагӣ дар ҳутеле дар Ландан худкушӣ карда буд. Ӯ дар Порис дафн шудааст. Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки аз муддате пеш аз инқилоб соли 1357 (1978) гирифтори бемории саратон буд, дар рӯзи 27 январи соли 1980 дар бемористоне дар Қоҳира даргузашт ва дар ҳамон шаҳр дафн шуд.
Нозӣ Ифтихорӣ, ки дар дафтари Ризо Паҳлавӣ дар Вошингтун кор мекунад, гуфт, ки Ризо Паҳлавӣ рӯзи чаҳоршанбе ба Бустун хоҳад рафт ва интизор меравад, ки Фараҳ Паҳлавӣ низ ҳамзамон аз Порис ба ин шаҳр биравад. Дафтари Ризо Паҳлавӣ дар Вошингтун гуфт, ки хонаводаи Паҳлавӣ чанд рӯз барои азодорӣ ба таври хусусӣ вақт мехоҳад ва ҳанӯз ҳеҷ номае барои азодории умумӣ эълом нашудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4063-2011-01-05-08-44-30.html