НЮ ЮРК ТОЙМЗ: СТАКСНЕТ КОРИ АМРИКО ВА ИСРОИЛ БУД
Рӯзномаи Ню Юрк Тоймз навиштааст, ки кирми компютерии Стакснет (Stuxnet) пружаи муштараки Амрико ва Исроил барои аз кор андохтани барномаи ғанисозии урониюми Эрон будааст.
Ню Юрк Тоймз дар шумори шанбеи 15 январ ба нақл аз манобеъи ношиноси худ менависад, ки Исроил Стакснетро дар маркази атумии Димуно дар ин кишвар ва бар рӯи сонтрифюжҳои мушобеҳе, ки Эрон аз онҳо дар таъсисоти Натанз истифода мекунад, бо муваффақият озмоиш карда буд. Ин рӯзнома ба нақл аз як коршиноси иттилоъотии ҳастаии Амрико навишт: "Ин кирм ба иллати н ки исроилиҳо онро имтиҳон карда буданд, муассир будааст."
Ин дар ҳоле аст, ки давлати Исроил ё Амрико ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ даст доштан дар интишори Стакснетро таъйид накардаанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар авохири моҳи ноябри гузашта дар кунфаронси хабарӣ дар Теҳрон харобкорӣ дар теъдоде аз дастгоҳҳои ғанисозии урониюми кишварашро таъйид карда, аммо гуфта буд, ки мушкил бартараф ва роҳҳои харобкорӣ дар оянда баста шудааст.
Аммо Алиакбари Солеҳӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷа ва раиси созмони энержии атумии Эрон пештар осеби Стакснет ба барномаи ҳастаии Теҳронро дурӯғпардозӣ тавсиф карда ва гуфта буд, ки ин кирми интернетӣ бо дари баста рӯбарӯ шуд ва мутахассисони эронӣ ҷилави онро гирифтанд. Тайи рӯзҳои ахир мақомҳои аршади Амрикоӣ ва исроилӣ гуфтаанд, ки бурузи бархе мушкилот ва таҳримҳои байналмиллалӣ дастёбии Эрон ба силоҳи атумиро ба таъхир андохтааст.
Эрон бо радди ин иттиҳом бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии худ таъкид кардааст. Муир Догон, раиси собиқи созмони иттилоъотии Исроил, ки давраи маъмурияташ ба тозагӣ поён ёфта дар порлумон (кнессет) гуфта буд: "Маҷмуъаи мушкилоте ки дар раванди фаъолиятҳои ҳастаии Эрон пеш омадааст, пешрафти ин фаъолиятҳоро кунд карда ва ин кишвар ҳанӯз фосилаи зиёде бо дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ дорад."
Ба гуфтаи вай Эрон то қабл аз соли 2015 мелодӣ нахоҳад тавонист ба бумби атумӣ даст ёбад. Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Амрико низ ин ҳафта дар сафараш ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бидуни ин ки ба таври сареҳ аз иллати хосе ном бубарад бо истиноди куллӣ ба таҳримҳо ва назароти коршиносон "пасрафт" дар барномаи атумии Эронро хабари хубе барои минтақа дониста буд, ки ба гуфтаи вай замони бештаре барои ҳаллу фасли муноқишаи ҳастаӣ фароҳам кардааст.
Ба гузориши Ню Юрк Тоймз ҳамлаи Стакснет ба системи компютерии таъсисоти Натанз ба таври комил муваффақиятомез набуда, аммо соли гузашта бахшҳое аз онро аз кор андохт. Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ соли пеш гузориш дода буд, ки Эрон дар рӯзи 16 ноябр ғанисозӣ дар Натанзро мутаваққиф кард, аммо дар 22 ноябр онро аз сар гирифт. Бозрасони ожонс иллати ин таваққуфро тавзеҳ надоданд.
Ню Юрк Тоймз мегӯяд, ки созмонҳои иттилоъотии Амрико ва Исроил дар пружаи ҳадаф қарор додани барномаи ғанисозии Эрон эҳтимолан бо баррасии як системи кунтрули санъатии сохти ширкати олмонии Зименс ба заъфҳои он систем пай бурдаанд. Коршиносони Зименс пеш аз ин таъйид карда буданд, ки Стакснет яке аз системҳои кунтрули санъатии ин ширкат ба номи Скадаро ҳадаф қарор додааст.
Скада дар корхонаҳои тавлидӣ, нерӯгоҳҳои тавлиди барқ, тасфияи хонаҳои об, саноеъи нафту гоз ва бархе аз озмоишгоҳҳои пешрафта низ истифода мешавад. Ба гузориши Ню Юрк Тоймз, коршиносони атумии Амрико ва мутахассисони Зименс дар соли 2008 тайи тарҳе таҳқиқотӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамалоти эҳтимолии сойберӣ ба озмоишгоҳ миллим Айдаҳо (Idaho) , ки аз марокизи атумии бузурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ба диққат нуқоти заъфи системи кунтрули санъатии сохти Зименсро баррасӣ карда буданд.
Бар асоси таҳқиқоти ширкати компютерии Симантек (Symantec) Стакснет метавонад ба нармафзори табдили фриконси сонтрифюжҳое ҳамла кунад, ки бо фриконси 600 ҳазор ё болотар кор мекунанд. Аз ин гуна сонтрифюжҳо барои ғанисозии урониюм истифода мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4169-2011-01-17-06-05-00.html