21:25:16 02-уми Июни 2025 сол

ИДОМАИ ДАРГИРИИ ШАДИДИ НИЗОМӢ ДАР ДУ ШАҲРИ ЛИБӢ

Талоши артиши Либӣ барои пас гирифтани шаҳри Зовия дар Ғарби ин кишвар аз мухолифон, ба даргирии шадиди байни ду тараф табдил шудааст. Ҳар ду тараф мегӯянд, контрули Зовия, чаҳорумин шаҳри бузурги Либиро даст доранд, вале гуфтаи онҳо ба василаи манобеъи хабарии мустақил таъйид нашудааст.

 

libia_rebeldesГузоришҳо аз кушта шудани ҳиддиақал 50 нафар дар ин шаҳр, ки дар наздикии Таробулус, пойтахти Либӣ воқеъ аст, хабар медиҳад. Дар бандари нафтии Рос Лонуф дар Шарқи Либӣ ҳам даргирии шадиди байни ҳаводорони Муъаммар Қаззофӣ ва мухолифон рух додааст. Дар Банғозӣ дувумин шаҳри бузурги Либӣ низ инфиҷор дар як анбори муҳимоти ҳаддиақал 17 кушта бар ҷой гузоштааст. Манобеъи бемористон мегӯянд ба назар мерасад, ки ду инфиҷор дар ин анбор тасодуфӣ будааст.

 

Нерӯҳои амниятӣ ҳамчунин рӯзи ҷумъа бо истифода аз гози ашковар ба тазоҳуроти ороми мухолифон дар Таробулус ҳамла карданд. Гузоришҳои ирсолӣ аз Зовия, баёнгари кушта шудани фармондеҳи шӯришиён дар шаҳр аст. Телевизиюни Либӣ аз тасарруфи ин шаҳр ба василаи артиш хабар додааст, вале гузоришҳои дигар баёнгари идомаи муқовимати парокандаи мухолифон дар маҳаллаҳои мухталиф аст. Давлати Либӣ ҳамчунин аз бозпас гирифтани бандари Рос Лонуф хабар дод, вале гузоришҳои мустақил ин хабарҳоро таъйид намекунад.

 

Ҳамзамон маъмурони амниятии давлати Либӣ барои мутафарриқ кардани садҳо мӯътаризе, ки пас аз намози ҷумъа дар хиёбонҳои Таробулус ба тазоҳурот пардохтанд, гози ашковар истифода карданд. Яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ дар Либӣ мегӯяд, ки мӯътаризон парчами Либиро ба оташ кашидаанд. Пулис тадобири амниятии васеъе дар назар гирифта ва ҳаводорони оқои Қаззофӣ дар хиёбонҳо истгоҳҳои бозрасӣ мустақар кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4592-idomai-shadidi-nizomi-dar-du-shahri-liby.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854