ҚАЗЗОФӢ: «МУХОЛИФИН ВА ЭЪТИЛОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ШИКАСТ ХОҲЕМ ДОД»
Дишаб, 22-уми март, Муаммар Қаззофӣ, сарвари давлати Либиё дар яке аз кӯчаҳои пойтахти кишвараш ба назди мардум баромада суханронӣ намуд. Ӯ тарафдоронашро ба идомаи ҷанг то ба расидан ба ғалаба даъват кард. «Мо мухолифин ва ҳарбиёни эътилофи байналмилалиро шикаст хоҳем дод ва ғалабаро ҷашн хоҳем гирифт»-, гуфтааст ӯ дар ҷамъи мардум. Ин суханронии Қаззофӣ аз тариқӣ телевизиони давлатии Либиё ба шакли зинда пахш гардид.
Дар иртибот бо ин суханронии Қаззофӣ, менависад хабаргузории Русия ИТАР-ТАСС, таҳлигарон бар ин назаранд, ки эътилофи байналмилалии кишварҳои ғарбӣ оянда ба муқовимати сахти тарафдорони полковник рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи онҳо бо вуҷуди он ки ҳисобҳои бонкии ин кишвар дар аксарияти кишварҳои аврупоӣ ва Амрико баста шудаанд, вале захираҳои дохилии ин кишвар имконият медиҳанд, ки муқовимат дурудароз сурат бигирад. Барои мисол рӯзномаи «Файненшнл таймз»-и чопи Лондон менависад, ки дар Бонки марказии Либиё беш аз 143 тонна металли қимматбаҳо ба маблағи 6-у ним миллиард доллари амрикоӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин миқдор боигарӣ имконият медиҳад, ки режими Қаззофӣ муддатҳои тӯлонӣ аз камбуди маблағ танқисӣ накашад.
Дар ҳамин ҳол ИМА даъват намудааст, ки масъулияти раҳбарии амалиёти ҷангиро дар Либиё сарварони паймони НАТО ба дӯш бигирад. Вале Туркия ҳамчун узви ин ташкилот ба ин пешниҳоди ИМА мухолифат кардааст. Дар навбати худ, Чин, Бразилия ва Русия, ки аз овоздиҳӣ барои шурӯъи амалиёти ҷангӣ зидди Либиё дар Шӯрои Амнияти СММ худдорӣ карда буданд, хостори қатъи амалиёти ҳарбӣ ва барқарории оташбас дар Либиё шудаанд.
«Рӯзгор»