21:23:25 02-уми Июни 2025 сол

ОМОДАГИИ ОБАМА БА ИНТИХОБОТИ СОЛИ 2012

Раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки дар интихоботи соли 2012 номзадии худро бори дигар пешниҳод мекунад. Вай бо такя ба ҳимояте, ки ӯро соли 2008 ба пирӯзӣ расонид, мехоҳад дар як давраи дигари раёсатҷумҳурӣ барномаҳои худро барои анҷоми ислоҳот ва овардани тағйирот такмил кунад. Рақибони Обама дар Ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ ба омодагии худ барои ширкат дар интихоботи соли 2012 оғоз кардаанд. Аммо раисҷумҳури феълии Амрико умед дорад, ки комёбии маъракаи таърихии интихоботиаш дар соли 2008-ро такрор мекунад.

Номаи Обама

barak-obamaДар як номаи электронӣ, ки Барак Обама ба 13 миллион нафар ҷонибдоронаш фиристод, гуфтааст, иҷрои ҳамаҷонибаи барномаҳои густардаи ислоҳоти иҷтимоиву молӣ, ки вай оғоз кардааст, ба як давраи дигари раёсат ниёз дорад.

Вай гуфтааст, "медонистем, ки тағйирот хеле зуд ва ба осонӣ ба даст намеояд. Дар баробари ин, ки аъзои ҳукумати ман ва гурӯҳҳои ташаббускор дар саросари Амрико барои ҳимоят аз пешрафтҳои ба дастовардаи мо мубориза мекунанд, мо бояд аз ҳоло барои интихоботи соли 2012 нерӯи худро сафарбар кунем, яъне хеле барвақттар аз маъракае, ки барои ман фаро мерасад."

Барак Обама ҳамчунин навори видеоии нахустин маъракаи худро дар сомонаи интернетиаш мунташир сохтааст. Дар ин навор ҷонибдорони вай, гурӯҳҳо ва афроди синну соли мухталиф аз саросари Амрико ба назар мерасанд.

«Обама барои ин кишвар аст»

Гладис аз иёлати ғарбии Невада мегӯяд, вай мехоҳад ба Обама чаҳор соли дигар мӯҳлат диҳад: "Ҳоло он қадр корҳои зиёде мавҷуд аст, ки бояд иҷро шавад ва мо мехоҳем ин корҳоро президент Обама ба поён расонад."

Дар маъракаи интихоботии соли 2008 аксар ҷавонони Амрико барои Обама раъй доданд ва акнун нозирони сиёсӣ мегӯянд, ки ҳимояти ин қишри ҷомеа аз Обама хеле муҳим аст.

Як ҷавон, ки дар навор нишон дода мешавад, худро “Майк” муаррифӣ карда ва мегӯяд: "Нерӯву тавонро мушоҳида кардам ва умед дорам, ки Обама барои ин кишвар аст. Бо вуҷуди он, ки ман натавонистам дар вақташ рай диҳам, вале медонам, ки рӯзе битавонам барои интихоби дубораи вай рай диҳам ва ин аст нақшаи ман."

Њадиси як миллиард доллар

Як нафари дигар бо номи “Эд” дар навор мегӯяд, вай роҷеъ ба ҳар масъала бо Обама розӣ нест, вале ба вай эҳтиром дорад ва бовар мекунад. Интизор меравад, ки то поёни ҳафтаи ҷорӣ Барак Обама ҳамаи асноди расмии заруриро ба Кумисюни Федеролии Интихоботӣ пешкаш кунад ва баъд аз он ба таври расмӣ маъракаи интихоботиаш оғоз шавад.

Дастандаркорони маъракаи интихоботии Обама мегӯянд, ки барои пешбурди ин маърака онҳо як миллиард доллар пешбинӣ кардаанд. Дар маъракаи интихоботии соли 2008 Обама 750 миллион доллар сарф кард, ки он дар Амрико маблағи рекордӣ буд.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854