ҶУНБИШИ ЗИДДИ МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ МАМНУЪ ШУД
Додгоҳ дар Русия Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ (ДПНИ) - ро як ҷунбиши ифротгаро шинохт ва фаъолияти онро дар ин кишвар мамнуъ кард. Додгоҳи шаҳри Маскав ин ҳукмро пас аз баррасии дархости додситонии шаҳри Маскав содир кард.
Додситонии Маскав ба таърихи 16 феврал фаъолияти Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонуниро мутаваққиф кард. Сойти Додситонии кулли Русия рӯзи душанбеи 18 апрел иттилоъ додааст, ки "Додгоҳи шаҳри Маскав изҳороти додситони пойтахтро дар мавриди созмони ифротгаро хондани ҷунбиши иҷтимоъии сартосарии "Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ" ва манъи фаъолияти он таъйид кард."
Дар иттилоъияи додситонии кулли Русия омадааст, ки дар ҷараёни таҳқиқ шавоҳиде ба даст омадааст, ки нишон медиҳанд ҳадаф ва иқдомоти ин созмон анҷоми фаъолиятҳои ифротгароёна будааст.
Латукӯбҳо дар майдони Манеж
Моҳи декабри соли гузашта Александр Мелников, муъовини раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав зимни суханронӣ дар порлумони Русия иттилоъ дод ки ниҳоди таҳти фармони ӯ шавоҳидеро ба даст оварда, ки иддае аз гурӯҳҳои дастиростӣ, аз ҷумла Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар беназмиҳои умумӣ дар майдони Манежи шаҳри Маскав дар 11 декабри соли 2010 даст доштаанд.
Ин беназмиҳо, ки ҳамроҳ бо латукуби афроди бо зоҳири ғайрирус буд, баъд аз марги Егор Свиридов, мухлиси бозии футбол дар як ҷанҷоли шабона рух дод. Аслан Черкесов, ки зоҳиран табаъаи қафқозитабори Русия аст ва замоне ҳам зиндонӣ буда, муттаҳам ба қатли Егор Свиридов дониста мешавад.
Дар он замон тазоҳурот алайҳи кушта шудани оқои Свиридов, ки дар наздикии Кохи Кремлин баргузор шуд, ба беназмӣ кашонда шуд ва чандин нафар афроди бо зоҳири ғайрирус мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Ниҳодҳои интизомии Русия гуфтаанд созмонҳои миллатгаро муқассири ба нооромӣ кашонда шудани ин тазоҳурот будаанд.
Хабаргузории ИТАР ТАСС - и Русия гузориш додааст, ки намояндагони Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар додгоҳ иттиҳомоти воридаро комилан рад карда ва исрор кардаанд, ки ин ҷунбиш созмони ифротгаро нест.
Пеш аз судури ҳукми додгоҳ ду созмони миллатгароҳои рус, "Иттиҳоди ислов" ("Славянский союз"), ки фахолияти он мамнуъ эълом шудааст ва ва Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ (ДПНИ), ки фаъолияташро додситонӣ мутаваққиф карда буд, талош карданд муттаҳид шаванд.
Қарор буд ин ду созмон таҳти номи "Халқи рус" ("Русский народ") муттаҳид шаванд. Раҳбарони ин иттиҳод қасд доштанд ин созмонро дар Вазорати адлияи Русия сабти ном кунанд, агарчи зиёд мутмаъин набуданд, ки дар ин кор муваффақ хоҳанд шуд.
Дар моҳи ноябри соли гузашта миллатгароҳои тундрави рус тавонистанд дар роҳпаймоии худ зери унвони морши русӣ ("Русский марш") нисбат ба таҷаммуъоти қонунии гурӯҳҳои либерол бештар мардумро ҷалб кунанд.
Бисёре аз созмонҳои миллатгароёни тундрави Русия ҳузури муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои хориҷӣ назири кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқозро аз иллали асосии мушкилоти умдаи Русия талаққӣ мекунанд. Бархе аз афроди муртабит ба ин гурӯҳҳо дар қатли муҳоҷирони ғайриқонунии ин кишварҳо ба шумули Тоҷикистон муҷрим шинохта шуда ва равонаи зиндон шудаанд.
Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар баъзе маворид рӯи равобити Русия ва ин кишварҳо соя афгандааст. Қатли Салоҳиддин Азизов, як табаъаи ҷавони Тоҷикистон дар декабри соли 2008, ки миллатгароёни рус дар он мазнун дониста мешуданд, муҷиби интиқодоти шадиди давлати Тоҷикистон дар равобиташ бо Русия шуд.
Гуруҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар давлати Русияро борҳо интиқод кардаанд, ки бо гурӯҳҳои тундрави миллатгро шадидан бархурд накардааст ва дар бархе маворид ниҳодҳои интизомӣ нисбати фаъолияти ни гурӯҳҳо ҳадди ақал чашм пӯшидаанд.
Би-Би-Си