КОЛДУЭЛЛ: «АМРИКО ДАР АФҒОНИСТОН ҲАДДИАҚАЛ БОЯД ТО СОЛИ 2017 БОҚӢ БИМОНАД»
Ба гузориши хабаргузории, ки «Форс», ки ба рӯзномаи «Ҳоффингтон пост» (huffingtonpost) такя мекунад, Уилям Колдуэлл, фармондеҳи амрикоии масъули омӯзиши амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон эълом кард, ки Амрико бояд ба манзури такмили маъмурият дар Афғонистони ҷангзада, 6 соли дигар ва дар муддати солҳои 2016-2017 дар ин кишвар боқӣ бимонад.
Колдуэлл зимни суханронӣ дар муассисаи таҳқиқотии «Брокенгз» дар Вошингтон эълом кард: «Мо то ҳудуди соли 2016-2017 наметавонем корҳое, ки қасди анҷомашонро дорем, дар Афғонистон такмил кунем». Фармондеҳи амрикоии масъули омӯзиши амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон идома дод: «Агар мо хоҳони доштани нерӯҳои комили омӯзишдидаи афғон ҳастем, ки омодагии ҳидояти кишварашонро дошта бошанд, маҷбурем сабр ва таъаҳудоти пойдор дошта бошем».
Колдуэлл зимни таъкид бар чолишҳои Ғарб дар додани масъулият ба дасти нерӯҳои афғон, гуфт: аз ҳар 10 нерӯи афғонӣ, ки барои пайвастан ба полис ва артиши Афғонистон истихдом шудаанд, танҳо як нафар тавоноии хондану навиштанро дорад.
Аммо, Шамсулҳаққи Ориёнфар, масъули бахши фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе, дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иддаъои Уилям Колдуэллро рад кард ва гуфт: «Бо вуҷуди сӣ соли ҷанг дар ин кишвар, мардум ҳар куҷое, ки буданд кӯшиши саводомӯзиро кардаанд ва дар душвортарин мароҳили нооромӣ низ сатҳи дониш дар Афғонистон ин қадар, ки Уилям Колдуэлл, иддаъо кардааст, поин нарафта буд, яъне ба гуфти ӯ, танҳо даҳ дар сади мардуми Афғонистон тавоноии хондану навиштанро доштаанд?!
Ин иддаъо ғалат аст. Дар ин замина, суханони Уилям Колдуэлл асоси воқеӣ надоранд. Вазорати маорифи Афғонистон, ба таври дақиқ ҳам набошад, омори саводомӯзон ва бесаводу камсаводонро муайян кардааст, бар тибқи иттилоъи ин вазорат ҳамакнун наздик ба 65 дар сади мардумро бесавод ва оморҳои ғайрирасмӣ 50-56 дар сад мардуми ин кишварро камсавод ва ё аз таълим дуруфтода медонанд».
Ҳамзамон рӯзномаи инглисии «Таймз» дар гузорише навишт: «Мақомоти амрикоӣ дар ҳоли баррасии тарҳи хориҷ кардани тамоми 30 ҳазор нерӯи ҷадиде ҳастанд, ки бар асоси роҳбурди ҷадиди Амрико ба тозагӣ ба Афғонистон эъзом шуда буданд». Бинобар ин гузориш, мақомоти амрикоӣ дар назар доранд то бар асоси ин тарҳ тамоми ин сӣ ҳазор низомии амрикоиро то авохири соли ояндаи мелодӣ аз Афғонистон хориҷ кунанд.
«Ин дар ҳолест, ки бар асоси як назарсанҷие, ки аз сӯи шабакаи телевизионии «ABS»-и Амрико анҷом шуда аст, ҳар рӯз бар шумори амрикоиҳои норозӣ аз мудирияти Обама дар ҷанги Афғонистон афзуда мешавад. Бар пояи ин назарсанҷӣ беш аз 49 дар сади мардуми Амрико аз роҳбурди ҷангии раисҷумҳури ин кишвар дар Афғонистон ибрози нохушнудӣ кардаанд, омадааст дар www.qudsdaily.com.
Ба иттилоъи «Таймз», Британия низ дар пайравӣ аз Амрико имкон дорад теъдоде аз низомиёнашро аз ин кишвар хориҷ кунад. Ин нашрияи инглисӣ таъкид кардааст, ки манобеъе низ дар Ландан таъкид кардаанд, ки нерӯҳои бритониёӣ дар ҷануби Афғонистон эҳтимолан зудтар аз он чӣ, ки Девид Комерун, нахуствазири ин кишвар, эълом кардааст, аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»