ИРОҚ "ХОҲОНИ" ҲУЗУРИ НИЗОМИИ АМРИКО ПАС АЗ 2011 ХОҲАД ШУД
Вазири дифоъи эҳтимолии ояндаи Амрико гуфтааст Ироқ хостори идомаи ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида паз аз зарбулаҷали хуруҷ то поёни соли 2011 хоҳад шуд. Леун Понето, раиси Созмони Ҷосусии Амрико (CIA), ки гуфта мешавад базудӣ ба Вазорати дифоъ меравад, афзуд "итминони зиёде" дорад, ки чунин дархосте аз сӯйи Бағдод матраҳ хоҳад шуд.
Оқои Понето рӯзи панҷшанбе дар нишасти кумитае дар сенои Амрико, ки интисоби ӯро баррасӣ мекунад, суҳбат мекард. Амрико дар ҳоли ҳозир 47 ҳазор нерӯ дар Ироқ дорад, аммо ҳеҷ як аз онҳо дар маъмуриятҳои размӣ ширкат надорад. Бар асоси тавофуқе, ки байни Амрико ва Ироқ дар соли 2008 шуд, артиши Иёлоти Муттаҳида то охири соли 2011 Ироқро тарк мекунад.
Оқои Понето ба кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи сено гуфт: "Барои ман равшан аст, ки Ироқ дар ҳоли баррасии имкони дархости идомаи ҳузур (сарбозон) дар он ҷо аст. Ӯ афзуд агар Бағдод чунин дархосте кунад, Вошингтун бояд бигӯяд, "бале". Оқои Поннето нагуфт, ки чи теъдод сарбоз ва барои чи маъмурияте мумкин аст бимонанд.
Ӯ гуфт ҳамакнун ҳудуди 1000 узви гурӯҳи Алқоъида дар Ироқ ҳастанд ва авзоъ ҳамчунон "шикананда" аст. Нерӯҳои кунунии Амрико дар Ироқ маъмуриятҳои пуштибонӣ ва мушовираӣ доранд.
Роберт Гейтс, вазири дифоъи феълии Амрико, дар апрели гузашта гуфт, ки агар Ироқ бихоҳад ,артиши Амрико мумкин аст ҳузури худро тамдид кунад. Ба гуфтаи хабарнигорон эҳтимол меравад, ки Амрико пешниҳоде ташвиқомез ба Ироқ барои идомаи ҳузури низомӣ додааст.
Би-Би-Си