"ФАРМОНДЕҲИ АЛҚОИДА ДАР ШАРҚИ АФРИҚО КУШТА ШУД"
Як мақоми омрикоӣ мегӯяд шавоҳиди маҳкаме дар даст аст, ки нишон медиҳад Фозил Абдуллоҳ Муҳаммад , фармондеҳи Алқоида дар шарқи Африқо кушта шудааст. Ба гуфтаи ин мақоми Африқоӣ ӯ дар ҷараёни даргирӣ дар як исти бозрасӣ дар Мугодишу, пойтахти Сумолӣ ба қатл расидааст.
Фозил Абдуллоҳ Муҳаммад, ки мазнун ба ифои нақши аслӣ дар бумбгузории соли 1998 дар сафоратхонаҳои Омрико дар шарқи Африқо аст, дар садри феҳристи афроди таҳти таъқиб дар Африқо қарор дорад ва панҷ миллиюн дулор барои ёфтанаш ҷойиза таъин шудааст. Дар ҷараёни ин бумбгузориҳо дар Нойрубӣ ва Доруссалом дар соли 1998 224 нафар кушта шуданд.
Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Иттиҳодияи Африқо нисбат ба ҳуввияти фарди кушташуда дар Мугодишу ибрози тардид кардаанд. Ҷунбиши исломгарои Ашшабоб, ки кунтрули бахши бузурге аз Сумолиро дар даст дорад, гузоришҳои марбут ба марги Фозил Абдуллоҳ Муҳаммадро ғайривоқеъӣ хондааст.
Гузарномаи ҷаълӣ
Бано бар гузориши хабаргузориҳои Руйтерз ва Фаронса ба нақл аз мақомҳои амниятии Сумолӣ Абдуллоҳ Муҳаммад ва яке аз ҳамроҳонаш ба зарби гулӯлаи нерӯҳои давлати федероли интиқолии Сумолӣ дар як исти бозрасӣ дар Мугодишу кушта шудаанд. Абдулкарим Юсуф, фармондеҳи нерӯҳо ба хабаргузории Фаронса гуфт: "Нерӯҳои мо ба ду нафар, ки ҳозир ба итоъат аз дастури исти бозрасии маъмурон нашуданд, шиллик карданд."
Ба гуфтаи оқои Юсуф мадорики шиносоии ин ду нафар аз ҷумла як поспурти хориҷӣ ба ҳамроҳи телефуни мубойл ва компютерҳои лаптоп ва дору аз ин афрод гирифта шуд. Хабаргузории Фаронса ба нақл аз манобеъи худ дар Сумолӣ гузориш додааст, ки оқои Муҳаммад як гузарномаи Африқои Ҷанубӣ бо номи ҷаълии Дониел Робинсун ҳамроҳи худ доштааст.
Ин хабаргузорӣ аксҳое аз чеҳра ва аҷсоди кушташудагони ин ҳодисаро мунташир кардааст. Бо ин ҳол як сухангӯи нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Сумолӣ гуфтааст, ки ин аксҳо чандон шабеҳи оқои Муҳаммад ба назар намерасад. Фозил Абдуллоҳ Муҳаммад авоили даҳаи 1970 мелодӣ дар ҷазоири Кумур ба дунё омад. Гуфта мешавад, ки ӯ дар солҳои даҳаи навади мелодӣ дар Афғонистон ба Алқоида мулҳақ шудааст.
Дар соли 2003 гузоришҳое мабнӣ бар интисоби ӯ ба симати раҳбарии Алқоида дар шарқи Африқо мунташир шуд. Ӯ як бор дар соли 2007 аз ҳамлаи ҳавоии омрикоиҳо ба рустое дар ҷануби Сумолӣ ҷон солим ба дар бурд.
Би-Би-Си